Анонс. Марҳабо ба маҳфили «Панҷ истеъдод»

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-фарҳангии «Панҷ истеъдод»-ро баргузор менамояд.

Агар фарзандони шумо метавонанд маҳорати худро дар самтҳои расмкашӣ, ровигӣ, навозиши асбобҳои мусиқӣ, тақлидкорӣ, кадбонугӣ нишон диҳанд, пас, марҳабо, биёянду дар ин маҳфили фарҳангӣ иштирок намуда, аз ҳунару истеъдоди ҳамсолони худ баҳравар гарданд.

Шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ кӯдакону наврасони соҳибистеъдодро ба маҳфили ҷолиби “Панҷ истеъдод” даъват менамояд.

Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 1)

Замон: 6 августи соли 2026

Оғоз: соати 10:00

Вуруд озод.