АНОНС: Меҳмонхонаи адабӣ. Адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасон
20 – уми ноябри соли 2021 дар толори Китобхонаи адабиёти хориҷии Русия бо дастгирии Вазорати маорифи Федератсияи Русия “Меҳмонхонаи адабӣ: адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасон” доир мегардад. Ин мулоқот дар шакли пули телевизионӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикисон баргузор мешавад.
Маврид ба ёдоварӣ ва таъкид аст, ки Китобхонаи адабиёти хориҷии Русия як риштаи пайвасткунанда миёни адабиёти интишормешуда дар Русия ва кишварҳои хориҷ хидмат мекунад. Адабиёт барои бачаҳо ва наврасон муҳимтарин бахши адабиёти ҷаҳонист. Маҳз китоб барои бачаҳо онҳоро ба омӯзиши забон ва фарҳанги миллиашон ҷалб мекунад.
Дар “Меҳмонхонаи адабӣ…”дар шаклҳои гуногун муколамаи зинда бо нависандагон, ҷоизадорони адабии миллии Русия дар соҳаи адабиёт ва таҳлигарони Китобхонаи адабиёти хориҷӣ сурат мегирад. Барои меҳмонон ва ширкаткунандагони онлайн (чӣ дар Москав ва чӣ дар Душанбе) имконе фароҳам хоҳад омад, ки бо адибон муколама кунанд, табодули афкор намоянд, ба суолҳои мавриди назари худ посухҳои арзишманд дарёфт намоянд.