АНОНС! “Минбари олимони ҷавон” – маҳфиле барои андеша, пешниҳод ва рушди истеъдодҳои ҷавон

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Минбари олимони ҷавон”-ро роҳандозӣ намудааст.
Дар маҳфили мазкур ширкати устодон ва муҳаққиқони соҳа ва ҳамчунин иштирокчиёни озмуни “Илм фурӯғи маърифат” пешбинӣ шудааст.
Мехоҳед дар муколамаи илмии олимони ҷавон иштирок намоед?
Пас, дарҳои Китобхонаи миллӣ бароятон боз аст. Марҳабо, ба маҳфили “Минбари олимони ҷавон”
Макон: Китобхонаи миллӣ
Замон: 28-августи соли 2026
Соати 15.00
Вуруд озод аст.