Анонс. Мизи гирд бахшида ба гиромидошти хотираи Абуалӣ ибни Сино

2 – уми сентябри соли 2026, соати 10:00 дар ошёнаи 3-юми Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Сино — пайвандгари илми қадим ва муосир» баргузор мегардад.
Ҳамоиш бо ташаббуси Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба гиромидошти хотираи Абуалӣ ибни Сино баргузор шуда, дар он олимону устодон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба мероси илмӣ ва маънавии Абуалӣ ибни Сино, саҳми ӯ дар рушди илми тиб, фалсафа, риёзиёт, мусиқӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.