АНОНС. Мизи гирд дар мавзӯи “Вазъ ва дурнамои хизматрасонии истифодабарандагон дар Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ”

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои технологияи муосири иттилоотӣ дар коркард ва пешниҳоди маълумоти библиографӣ, механизмҳои рушди фаъолияти шуъбаи хизматрасонӣ ба хонандаи наврас, китобхонаи муосир аз нигоҳи хонандаи фаъол, такмили хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ва албатта, вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Марҳамат ба ин ҷаласаи пурмуҳтаво ва саривақтӣ.

Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 3)

Замон: 7 августи соли 2026

Вақт: 15:00–16:30

Вуруд озод