Анонс. Мизи гирди Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Президент – ҳомии миллат”

АнонсДар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Президент ҳомии миллат” баргузор мешавад.

Ин ҳамоиш ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, қарор аст дар он намояндагон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ва воситаҳои ахбори омма ширкат кунанд.

Таърихи баргузорӣ: 15-уми ноябри соли 2023.
Соати баргузорӣ: 14:00.
Макон: Китобхонаи миллӣ.
Вуруд озод.