Анонс. “Мо ба озмун тайёрем”

“МО БА ОЗМУН ТАЙЁРЕМ” унвони маҳфили навбатии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор мегардад.
Дар маҳфили мазкур вохӯрӣ ва суҳбати иштирокчиёни даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо олимони шинохта ва ширкати хонандагони фаъоли толори “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷараён мегирад.
Дарҳои маҳфил ба рӯи ҳамаи хоҳишмандону довталабон боз аст.
Марҳамат, биёеду аз ин суҳбати пурмуҳтаво баҳраманд гардед ва итминон дорем, ки ширкат дар ин маҳфил шуморо довталаби озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” мегардонад.
Макон: Китобхонаи миллӣ, ошёнаи дуюм
Сана: 23 июли соли 2026
Замон: соати 10:00
Вуруд: озод