Анонс. Муаррифии дастовардҳои «Кашшофони ҷавон»

24-уми июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии «Кашшофони ҷавон» баргузор мешавад.

Дар маҳфил иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», инчунин ихтироъкорони ҷавон иштирок намуда, аз корҳои илмӣ, ихтироъҳо ва дастовардҳои худ маълумот пешниҳод хоҳанд кард.

Аз ҳамаи дӯстдорони илму техника, муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯён, хонандагон ва дигар хоҳишмандон даъват ба амал меояд, ки дар ин маҳфили илмӣ иштирок намоянд.

Макон: шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ
Рӯз: 24 июни соли 2026
Соат: 14:00
Вуруд: озод

Теги: робита бо ҷомеа