АНОНС! Муаррифии “Маснавии маънавӣ” дар силсиламаҳфили “Ганҷи ҷовидон”

Мехоҳед бо яке аз бузургтарин ганҷинаиадабиёти классикии форсу тоҷик аз наздик шинос шуда, таҳлилу баррасии онро аз мутахассини соҳа бишнавед? Охир чуноне ки мегӯянд, “сухан аз забони Луқмон хуш аст”. Пас,Китобхонаи миллӣ барои шумо ин имконро фароҳам овардааст.
Маҳфили бисёр зебову маърифатпарваронаи “Ганҷи ҷовидон” баҳри шиносоӣ бо китобҳои нодиру камчине, ки дар Китобхонаи миллӣ маҳфузанд, маҳз ба ҳамин хотир баргузор мегардад.
Ин навбат дастхати нодир “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Марҳабо ба Китобхона миллӣ – ба “Муаррифии як дастхат” аз силсиламаҳфили “Ганҷи ҷовидон”
Макон: Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи китоби дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ( ошёнаи 3)
Замон: 21-августи соли 2026
Вақт: соати 10:00
Вуруд озод