АНОНС. Нахустмаҳфили “Эъҷози асбобҳои торӣ”
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Эъҷози асбобҳои торӣ” баргузор менамояд.
Меҳмони нахустмаҳфили “Эъҷози асбобҳои торӣ” мутриб ва рубобнавози шинохта Илҳомиддин Сироҷиддин буда, барои ҳаводорони санъат ва мусиқии асили миллӣ соати пурфароғатро омода намудааст.
Оҳангҳои дилнишину марғуб дар иҷрои Илҳомиддин Сироҷиддин шуморо интизоранд. Марҳабо ба Китобхонаи миллӣ!
Макон: Китобхонаи миллӣ, шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар
Замон: 15 июли 2026, соати 10:00
Вуруд озод.