АНОНС. Рўнамоии китоби “Карими Шиш”-и Зариф Ғулом
Бо ибтикори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар Муассисаи давлати «Китобхонаи миллӣ»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўнамоии китоби нависандаи тоҷик Зариф Ғулом бо номи «Карими Шиш» баргузор мегардад.
Иштирок ва суханронии роҳбарони Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар адибону публитсистони саршиноси кишвар дар назар аст.
Асари мазкур аз саргузашти ғамангези ҳунарманди нотакрор Абдукарим Ёрматов ҳикоят мекунад ва он ба кулли ҳаводорони каломи бадеъ пешниҳод карда мешавад.
Рӯзи баргузорӣ: 12-уми декабр
Соати баргузорӣ: 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 3)
Вуруд озод.