Анонс. «Рушди фаъолияти китобдорӣ дар 35-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии«Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Рушди фаъолияти китобдорӣ дар 35-соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Маҳфил бо ташаббуси Созмони ҷавонони Муассиса ва Шуъбаи ташкил ва баргузории чорабиниҳо баргузор шуда, ҳадаф аз он бозгӯ намудани дастовардҳо, таҳаввулот ва нақши муассисаҳои китобдорӣ дар таҳкими фарҳанги китобхонӣ, рушди маърифати ҷомеа ва ҳифзу тарғиби мероси гаронбаҳои фарҳангии миллат дар даврони Истиқлол мебошад.

Дар доираи мизи гирд роҷеъ ба рушду такомули фаъолияти китобдорӣ, навгониҳо ва дастовардҳои соҳа, нақши китобхонаҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон, инчунин дурнамои рушди китобдорӣ дар шароити муосир мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.

Ҳамзамон, ба муносибати ин санаи фархунда намоиши дастовардҳои Китобхонаи миллӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти муассиса ва намоиши китобҳои тозанашр баргузор мегардад. Ин гӯшаи фарҳангӣ барои дӯстдорони китоб имконият фароҳам меорад, ки бо адабиёти нави илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва бадеӣ ошно шаванд.

Мизи гирд ҳамчун майдони андешаву гуфтугӯҳои созанда, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ, меҳмонон ва иштирокдоронро ба ҳам меорад.

Ҳамаи дӯстдорони китобу фарҳанг, аҳли илму адаб, ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин маҳфили фарҳангӣ даъват карда мешаванд.

 

Макон: Толори ошёнаи 3-юми Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сана: 18 августи соли 2026

Соат: 15:00

Вуруд: Озод