АНОНС. “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел”. Ҷ. Р. Киплинг. “МАУГЛИ”

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар доираи силсиламаҳфилҳои тобистонаи худ, шумо, муштариёни бисёр гиромиқадри хешро ба маҳфили “Сад дорандаи Ҷоизаи Нобел” даъват менамояд.
Ин навбат маҳфили “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел” ҳаводорони худро баҳри шиносоӣ бо нахустин ҷоизадори Нобели адабиёт (1907) дар миёни нависандагони англис – Ҷозеф Редярд Киплинг ба оғӯш мегирад.
Дӯстдорони китоб ва ҳаводорони каломи бадеъ, шуморо ба Китобхонаи миллӣ марҳабо мегӯем!
Макон: Китобхонаи миллӣ, толори хониши адабиёти хориҷӣ
Рӯз: 31– уми июли соли 2026
Вақт: соати 10:00
Вуруд озод.