Анонс. “Сайре дар олами адабиёти ҷаҳон” дар маҳфили “Хонандаи имрӯз-созандаи фардо”

Шумо дӯстдори осори адабиёти ҷаҳон ҳастед? Мехоҳед бо шоҳасаре аз ин осор шиносоӣ пайдо кунед? Пас диққат намоед:

Дар Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурмазмуну хотирмон гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон таҳти унвони «Сайре дар олами адабиёти ҷаҳон» баргузор мегардад.

Дар маҳфил асари машҳури адиби англис Даниел Дефо — «Робинзон Крузо» мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон ба олами саргузашт, матонат, ирода ва муборизаи инсон барои зиндагӣ сафар хоҳанд кард.

Ба маҳфил довталабони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хонандагони доимӣ, кулли хоҳишмандон ва намояндагони ВАО даъват мешаванд.

Китоб — роҳест ба сӯи ҷаҳон. Биёед, бо «Робинзон Крузо» ба ин сафари ҷолиби адабӣ ҳамроҳ шавем!

Макон: Китобхонаи миллӣ

Рӯз: 20-уми августи соли  2026

Замон: соати 10:00

        Вуруд озод