АНОНС: “Сайри гӯшаи китобҳои олимон”. Намоиши осори профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бо мақсади рушд, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии аҳолии шаҳр Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таътили тобистонаи кӯдакону наврасон ва донишҷӯён як қатор маҳфилу чорабиниҳои адабиву фарҳангиро роҳандозӣ намудааст.
“Сайри гӯшаи китобҳои олимон” аз зумраи ҳамин иқдом аст, ки баҳри шиносоии хонандагон бо мероси донишмандону пажӯҳишгарони тоҷик омода гаштааст.
Тамошобинон метавонанд аз гӯшаҳои китобе, ки дар Китобхонаи миллӣ барояшон ҷамъоварӣ гаштааст, баҳра бибаранд. Бо ҳаёту фаъолияти ин ё он академик, олим, ё ходими намоёну барҷаста шинос гарданд.
“Сайри гӯшаи китобҳои олимон” ин навбат ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари доктори илми сиёсӣ, профессор, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз бахшида шудааст.
Макон: Китобхонаи миллӣ, ошёнаи 4
Замон: 31 июли 2026, аз соати 10:00 то соати 16:00
Вуруд озод.