АНОНС: “Сайри гӯшаи китобҳои олимон”

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бо мақсади рушд, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии аҳолии шаҳр Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таътили тобистонаи кӯдакону наврасон ва донишҷӯён як қатор маҳфилу чорабиниҳои адабиву фарҳангиро роҳандозӣ намудааст.

Сайри гӯшаи китобҳои олимон” аз зумраи ҳамин иқдом аст, ки  баҳри шиносоии хонандагон бо мероси донишмандону пажуҳишгарони тоҷик омода гаштааст.

Тамошобинон метавонанд аз гӯшаҳои китобе, ки дар Китобхонаи миллӣ барояшон ҷамъоварӣ гаштааст, баҳра бибаранд. Бо ҳаёту фаъолияти ин ё он академик, олим, ё ходими намоёну барҷаста шинос гарданд.

Аввалин “Сайри гӯшаи китобҳои олимон” ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари  доктори илми ҳуқуқ, профессор, академик – Маҳмудзода Маҳкам Аъзам  бахшида шудааст.

Макон: Китобхонаи миллӣ ошёнаи 4

Замон: 10 июли  2026,

Аз соати 10:00 то соати 16:00

Вуруд озод.