Анонс: “Саодати миллат дар ваҳдат аст”. Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ
24-уми июн дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон нишасти илмӣ-оммавӣ таҳти унвони “Саодати миллат дар ваҳдат аст” баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар ҷараёни ин ҳамоиш дастури библиографии “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ки номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии солҳои 1993-2003-ро гирд овардааст, рӯнамоӣ карда мешавад.
Дар ҳамоиш иштирок ва суханронии намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ВАО дар назар дошта шудааст.
Рӯз: 24-уми июни соли 2025
Соат: 14:00.
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 3)
Вуруд озод.