Анонс: Сотим Улуғзода — адиби шинохта ва чеҳраи мондагори адабиёти тоҷик

25 августи соли 2026, соати 14:00, дар толори «Фурӯғ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили адабии «Осори Сотим Улуғзода» баргузор мегардад.

Сотим Улуғзода аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо осори гаронбаҳои адабӣ ва фаъолияти пурсамари эҷодии худ дар рушди фарҳанг ва адабиёти миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Шиносоӣ бо мероси адабии ӯ барои дӯстдорони каломи бадеъ ва насли ҷавон имкони хубест барои дарки амиқтари арзишҳои адабӣ ва фарҳангии миллат.

Дар маҳфил роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти тоҷик ва паҳлуҳои гуногуни осораш суҳбати адабӣ баргузор шуда, андешаҳои ҷолибу тоза манзур хоҳанд гардид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шуморо ба ин маҳфили адабии пурмуҳтаво даъват менамояд!

Ҳузури Шумо ба маҳфил ҳусни бештар бахшида, барои гиромидошти мероси адабии яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик саҳми арзанда хоҳад гузошт.

 

Сана: 25 августи соли 2026
Вақт: соати 14:00
Макон: толори «Фурӯғ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон