АНОНС. Таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон

Муассисаи давлати «Китобхонаи миллӣ»и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон маҳфили фарҳангӣ бо иштироки шахсони дорои имконияти маҳдуд доир мекунад.

Иштирок ва суханронии сарварони Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода дар расми ифтитоҳи маҳфил дар назар гирифта шудааст.

Директори ташкилоти ҷамъиятии рушди иҷтимоии миллии маъюбон “Неъмат” Алӣ Асадуллозода дар мавзӯи “Шахсони дорои маъюбият дар фазои рақамӣ: имкониятҳои нав барои зиндагии мустақил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ” бо иштирокдорон ва аъзоёни шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд  суҳбат хоҳад кард.

Масъул: шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд

Рӯзи баргузорӣ: 4 декабри соли  2025,

Замон: соати 14:00

Макон: Китобхонаи миллӣ

Вуруд озод