АНОНС. “Такомули ҷанбаҳои амалии феҳристнигорӣ дар осори Сайфуллозода Бозорбой”
Ин навбат Китобхонаи миллӣ ба китобдорону дӯстдорони китоб маҳфили олимони соҳаи китобдориро пешниҳод месозад.
Навгониҳои соҳавие, ки имрӯз мавриди истифода қарор мегиранд, албатта, бо кӯшишу заҳматҳои зиёди олимону мутахассисон ва бо таъсири тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ амалӣ мегарданд.
Дар иртибот ба ин Китобхонаи миллӣ ба ифтихори 80 – солагии яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи китобдории тоҷик, марди матинирода ва фидоии касби хеш Бозорбой Сайфуллозода ва нақши созандаи ӯ дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ мизи гирд роҳандозӣ намудааст.
Макон: Китобхонаи миллӣ
Замон: 19-августи соли 2026
Вақт: соати 10:00
Вуруд озод