Анонс! Вохӯрии эҷодӣ бо адабиётшинос ва пажӯҳишгар Ҳафиз Раҳмон

Китобхонаи миллӣ дар ҳошияи силсиламаҳфили “100 дорандаи ҷоизаи Нобел”, маҳфили эҷодиро бо иштироки адабиётшинос ва пажуҳишгар Ҳафиз Раҳмон роҳандозӣ менамояд. Шуъбаи адабиёти хориҷии муассиса тадқиқотчиёни ҷавон, дӯстдорони адабиёти хориҷӣ ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” -ро ба ин маҳфил даъват менамояд.

Ҳамзамон ширкати Фариса Холиқова – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи адабиёти ҷаҳон дар назар аст.

Иштирокдорони маҳфил дар якҷоягӣ бо меҳмони арҷманди маҳфил – адабиётшинос ва пажуҳишгари шинохтаи тоҷик Ҳафиз Раҳмон масъалаҳои арзиши китоб ва мутолиаи китоб дар ҷаҳони муосирро таҳлил ва баррасӣ хоҳанд намуд.

Шумо чӣ? Мехоҳед аз суҳбати Ҳафиз Раҳмонбаҳраманд шавед?
Пас, лутф намоед ва меҳмони Китобхонаи миллӣ шавед!

Макон: Китобхонаи миллӣ
Замон: 25 августи соли 2026
Вақт: соати 13:30
Вуруд озод.