Антонов Семён: Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар Сталинобод техник кор мекард
Антонов Семён Михеевич соли 1919 дар деҳаи Сатинкаи ноҳияи Сампурски вилояти Тамбов ба дунё омадааст. Лётчики озмоишгари хизматнишондодаи СССР (1963), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1952), подполковники мустаъфӣ.
Соли 1937 ба шаҳри Сталинобод омада, дар Кинопрокати Тоҷикистон ба ҳайси техник кор кард.
Соли 1938 курси тайёрии инструкторон-лётчикҳои аэроклуби назди ОСОВИАХИМ-и ҷумҳуриро хатм намуд.
Моҳи августи 1939 бо роҳхати комитети комсомол ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Сталинобод ба Омўзишгоҳи авиатсионии ҳарбии Краснодар фиристонида шуд.
Соли 1941 пас аз хатми мактаби авиатсионии ба номи В.П. Чкалови Таганрог бо округи ҳарбии назди Балтика рафта, дар полки 50-уми ордени Байрақи Сурхдори авиатсионии бомбаандоз лётчик шуд.
Антонов то августи 1943-юм 93 маротиба ба нуқтаҳои оташфишонии душман парвози ҷангӣ кардааст.
Аз августи 1943 то соли 1963 лётчики озмоишгар. Аз соли 1965 нафақагир.
Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Ҷангӣ, 2 ордени Ситораи Сурх сарфароз гардидааст.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 488.
Муаллиф: Б. Аҳмадов
Таҳияи: Аниса НАБИЕВА,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ