Антропология ва этнологияи халқи тоҷик: дастовардҳо ва дурнамо
Соли ҷорӣ таҳти номи “Антропология ва этнологияи мардуми тоҷик: муҳаққиқон, лоиҳаҳо, экспедитсияҳо” китобе ба нашр расид, ки мутааллиқ ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ аст. Китоб дарбаргирандаи матолиби Конференсияи байналмилалии илмии “Антропология ва этнологияи халқи тоҷик: муҳақиқон, лоиҳаҳо, экспедитсияҳо” мебошад, ки 23 июни соли 2003 дар Осорхонаи мардумшиносии ба номи М. С. Андрееви Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. А.Дониш баргузор гардида буд.
Директори ин Институт пофессор Убайдулло Насрулло дар сарсухани китоб шарҳ додааст, ки Конфронс бо мақсади арҷгузорӣ ва ҷамъбасти дастовардҳои пажӯҳишгарон дар самти этнология ва атропологияи халқи тоҷик мансуб меёфт.
Профессор Убайдулло Насрулло дар идома менависад: Таҳқиқоти мунтазами этнологӣ ва атропологияи халқи тоҷик дар баробари омўзиши таърих, фарҳанг ва сарватҳои табиии минтақа дар нимаи дуюми асри ХIХ баъди ба империяи Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна оғоз ёфта буд. Маҳз ҳамин давра муҳақиқони рус ва бархе аз ҳамтоёни хориҷии онҳо ба омўзиши таъриху фарҳаги ин минтақа шуруъ намуда, аз худ мероси назарраси илмӣ боқӣ гузоштанд.
Аз ном ба ном овардани ин муҳақиқон истиҳола намуда, метавон таъкид намуд, ки ҳар кадоми онҳо дар таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанг этнографияи аҳолии бумии минтақа, яъне тоҷикон нақши намоён гузоштаанд. Аммо, хидматҳои шоёни шарқшиносони шинохта В.В. Бартолд, А.А. Семёнов ва М.С. Андреев, ки дар сафи пеши пажӯҳиши илмии таърихи халқи тоҷик меистоданд ва дар шинохти тоҷикон ҳамчун сокинони аслии минтақа ва соҳибтаъриху соҳибфарҳанг нақши бузург доранд, ба таври махсус бояд таъкид намуд.
Ташаккули мактаби сирф илмии омўзишии таърихи халқи тоҷик, алалхусус этнология ва антропология, аз замони Шуравӣ, ки аввалин ташкилоту марказҳои илмӣ, пеш аз ҳама, пойгоҳи тоҷикистонӣ ва андаке дертар филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва дар ҳайати онҳо Институти таърих ташкил ёфт, рост меояд. Дар ин давра ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун озмоишгоҳи табии таърих этнография ва антропология диққати бисьёр олимони номдорро ба худ ҷалб намуда, экспедитсияҳои гуногуни ҳадафмандона гузаронида шудаанд. Аз ин ҷост, ки пайдарпай экспедитсияҳои этнографии Н. Кисляков ба водии Ванҷ, Е. Пешерева ба Сталинобод ва Қаратоғ (1940), М.С. Андреев ба Панҷи Боло (1943) доир гардиданд ва соли 1948 бо ташаббуси М.С. Андреев як осорхонаи на он қадар калони мардумшиносӣ низ ташкил ёфт.
Дар солҳои минбаъда, махсусан баъди ташкил ёфтани Институти мустақили таърих (с.1951) ва сектори этнография таҳқиқоти этнологӣ боз ҳам вусъати тоза ёфт. Омўзиши васеъи ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардиданд. Аз ҷумла, солҳои 1952-1957 экспедитсия бо сардории Н. Кисляков ва А. Писарчик ба ноҳияи Ғарм, ҳавзаи дарёи Сурхоб ва умуман минтақаи Қаротегину Дарвоз ташкил карда шуд. Охири солҳои 50-ум этнографҳо ба омўзиши ноҳияҳои болооби Зарафшон – Масчо, Айнӣ ва Панҷакент шуруъ намуданд. Ҳаёти оилавӣ, фаъолият ва фарҳанги моддии сокинони ҳавзаи дарёи Варзобро этнограф Р. Л. Неменова, ҳунармандии Қаратоғро Н.Н. Ершов мавриди омўзиш қарор доданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти сектори мардумшиносии Институтро коркарди бойгонии илмии М.С. Андреев, ки дар бораи тоҷикон маводи нодири энографӣ дорад, ташкил медод. Бо ин роҳ ҷилди якуми монографияи М.С. Андреев “Тоҷикони водии Хуф”, ки соли 1946 навишта шуда буд, бо кўшиши А.К. Писарчик соли 1953 ва ҷилди дувуми он соли 1958 нашр гардиданд. Академик Б. Ғафуров ба китоби М.С. Андреев “Тоҷикони водии Хуф” баҳои баланд дода, онро яке аз таҳқиқоти бунёдии замони шуравӣ номид.
Солҳои минбаъда, махсусан дар замони соҳибитиқлолӣ таҳқиқоти зиёди бунёдӣ дар самти этнология, ба вижа ҳаёти оилавии суннатии тоҷикони навоҳии кўҳистонии ҷумҳурӣ, минтақаҳое, ки дар он ҷо либосҳои тоҷикии охири асри ХIХ – ибтидои асри ХХ боқӣ монда буданд, ба миён омаданд. Ҳамзамон маводи зиёди этнографӣ, махсусан намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардуми ҷамъоварӣ карда шуданд. Кормандони Институт миқдори зиёди маводи бойгониро оид ба этнографияи вилояти Хатлон ва Бадахшони Кўҳӣ таҳқиқ ва таҳрир намуда, ба чоп пешниҳод карданд. Муваффақияти муҳимтарин дар ин самт анҷоми асари дуҷилддаи “Этногенез ва тарихи этникии халқи тоҷик” (соли 2021) мебошад. Ҳамзамон муҳақиқони Институт дар омода ва нашри китоби муштараки “Тоҷикон” аз силсилаи “Халқҳо ва фарҳангҳо” (с.2021), ки онро Институти этнология ва анропогогия ба номи Н.Н. Милухо-Маклаи АИ Россия таҳрезӣ намуда буд, фаъолона ширкат намуданд.
Дар ин конференсияи илмӣ маълумоти тоза ва нав доир ба муҳақиқон, экспедитсияҳои этнографию анропогогӣ, хотираҳои гуногуни шогирдон доир ба устодон ва ё ҳамкорон ироа гардид. Дар ин самт метавон маърузаҳои илмиеро,ки ҳаёт ва фаъолияти илмии академик Н. Неъматов, А.К. Писарчик, Н. Кисляков, Е.М. Пешерова, Н. Нурҷонов ва дигар таҳқиқотчиён,ки бевосита дар омўзиши мардумшиносии тоҷику Тоҷикистон нақши бориз гузоштаанд, ба тарзи алоҳида таъкид намуд.
Дар ин конференсия мутахассисон аз шаҳру марказҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла, Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб, Москва, Гент, Краков, Мичигин, Уст-Каменогорск ва ғайра иштирок намуда, бо маърузаву гузоришҳои илмии худ маълумоти фаровонеро пешкаш намуданд.
Бо нашри маҷмўи маводи Конференсияи байналмилалии илмии “Антропология ва этнологияи халқи тоҷик: муҳақиқон, лоиҳаҳо, экспедитсияҳо” умедворем, ки бисёр далелу маълумоти тоза ба гардиши илмӣ мебарояд ва ҳам бо ин восита арҷгузории худро ба хидмату заҳмати олимони соҳа изҳор менамоем.
Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба
фарҳанг ва ҳунар.