Анвар Мамедхонлӣ: “Ғунчаҳои сурх”. Китобе, ки 72 сол пеш тарҷума шуда буд
Муқаддимаи ин китоб шояд барои хонандаи имрӯз ҷолибият надошта бошад. Зеро он чанд нуктае дорад, ки барои хонандаи ҷавони имрӯз ноошност. Аммо нақли як таърих аст. Аз замоне ҳикоят мекунанд, ки дар қаламраи кишвари Шуроҳо мардум ба ин назар буданд, ки танҳо онҳо ҳаёти хурраму осуда доранд ва дар давлатҳои дигар ин гуна нест.
Китобе, ки зикраш дар боло рафт, “Ғунчаҳои сурх” ном дорад ва ба қалами адиби озарбойҷонӣ Анвар Мамедхонлӣ мутааллиқ аст. Китобро адиб ва тарҷумони маъруф Шамсӣ Собир аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст ва он соли 1954, яъне 72 сол пеш дар Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) чоп шудааст.
Муаллифи сарсухан Ю. Либединский буда, дар борааш ҳеч маълумоте дар китобча ироа нашудааст.
Ю.Либединский менависад, ки муаллифи ин китобча нависандаи озарбойҷонӣ Анвар Мамедхонлӣ баъд аз сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зудӣ ба сафи Артиши Шуравӣ дохил мешавад. Қӯшунҳои мо дар он вақт мувофиқи созишномаи бо ҳукумати Эрон басташуда ба қисми шимолии хоки Эрон ба Закавказияи Советӣ, ки дар дар он ҷо республикаҳои иттифоқии гул-гул шукуфтаи- Арманистон, Грузия ва Озарбойҷон воқеъ гардидаанд, имконияти ҳуҷум карданро надиҳанд. Дар сафи қӯшунҳои ба хоки Эрон даромадаи мо нависандаи Озарбойҷон Анвар Мамедхонлӣ ҳам буд.
Анвар Мамедхонлӣ дар давраи Ҳокимияти Советӣ ба камол расидааст. Ӯ дар мактаби советӣ ба камол расидааст. Вай аз овони бачагиаш медид, ки чӣ тавр дар сарзамини советӣ одамони озоди советӣ хушбахтона меҳнат ва зиндагӣ мекунанд. Дар ҳикоя ва повестҳояш Анвар Мамедхонлӣ зебогӣ ва хуррамии ҳаётамонро нағз тасвир карда тавонистаанд. Вале ӯ берун аз хоки Ватани Советӣ афтода монда, он чизҳоеро дид, ки пеш онҳоро фақат бо китобҳо медонист. Вай дид, ки дар Эрон одамони меҳнаткаш гарчанде тамоми боигарии мамлакат самараи меҳнати онҳо бошад ҳам, вале гуруснагӣ мекашанд, бехонумонанд ва дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекунанд. Дар мамлакати Советӣ ҳамаи боигарӣ аз они худи халқ-аз они Давлати Советист, ва ба ҳамаи мо одамони советӣ, чӣ хеле ки ҳаво ва шӯълаи офтоб ба ҳар кас дастрас мебошад, ин тавр фаҳмо ва равшан менамояд. Аммо дар он мамлакатҳое, ки дар сари ҳукумат капиталистон ва помешикон (соҳибони мулк) меистанд ва Эрон ҳам яке аз ҳамин гуна мамлакатҳо мебошад-сарвати мамлакатро соҳибони фабрику завод, хӯҷаинони замину ҷангал аз они худ мекунанд…
Чуноне гуфтем, ин китобча лаҳзаҳоеро аз таърихи қиёсии зиндагии одамони Шуравиву Эрон ҳикоят мекунад. Китобча як тасвири тахайюлии барои имрӯзиён ноошно дорад, аммо хонданаш барои дарки ҷаҳонбинии адибони он замон аз манфиат холӣ нест.
Китобча ҳамагӣ 19 саҳифа аст ва кас дар як нишаст онро мехонад.
Хоҳишмандон “Ғунчаҳои сурх”-и Анвар Мамедхонлиро метавонанд дар толори хониши шубаи депозитарӣ бихонанд.
Бунафша АБДУЛЛОЗОДА, корманди шуъбаи депозитарӣ.