Ҳар рӯз аз Истиқлол хоҳам гуфту аз Пешвои азиз!  

 Шуруъ аз 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд. Ин неъмати бузургу муқаддас дар баробари оне, ки аз соҳибдавлат будани миллати тоҷдори тоҷик ба ҷаҳониён хабар дод, минбаъд бо шарофати он мо ба фарози ҳама хушбахтиҳо расидем. Ҳамин гардиши куллӣ буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин таъкид намудаанд, ки: “Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд… Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Бешак, тантанаҳои ин ҷашни муқаддас ҳамасола аз он далолат медиҳанд, ки воқеан Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик нишони ҳувият, озодӣ, ифтихор, номус ва рамзи саодату хушбахтӣ ба шумор меравад. Чанд рӯз қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати волою шоён чун солҳои қаблӣ ҷашн гирифта шуд. Шодию нишот ва сарафрозии мардуми кишвар дар ин ҷашни пурифтихор гувоҳи он аст, ки Истиқлоли давлатӣ воқеан тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми мо мебошад.

Бояд махсус қайд намуд, ки раванди ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди кишвар дар муддати 31 сол ба фаъолияти шабонарӯзӣ ва хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич дорад. Маҳз сиёсати дурбинона ва барномарезиҳои стратегиву андешамандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони тозаистиқлолро дар солҳои аввал аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот дода, минбаъд ҳаёти озодаву осуда ва шароити хубро барои тамоми мардум маҳайё намуданд. Маҳз заҳмату талош ва меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣ – ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳимоя ва мустаҳкам намуд. Ҳамчунин сиёсати созандаи Пешвои миллат боис гардид, ки кишварамон ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд кунанд.

Тамоми миллати хирадсолори тоҷикро мебояд, ки дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатии хешро ба қимати ҷон ҳифзу гиромӣ доранд. Тавре ҳамагон медонем, суботи ҷаҳониро ҳамарӯза мушкилот ва таҳдидҳои бузург таҳдид менамояд. Хатарҳое чун терроризму ифротгароии байналмилалӣ, манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, рақобатҳои шадиди геополитикӣ, бархӯрди тамаддунҳо моро огоҳ месозад, ки ба қадри истиқлолу озодӣ ва оромии хеш бирасем. Набояд фаромӯш созем, ки дар фазои орому осудаи зиндагӣ ва тамоми шароитҳо барои рушди рӯзгори мо маҳз самараи Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Агар мо ояндаи аз ин ҳам дурахшон, зиндагии шоиста, шодию нишоти кӯдакону хандаҳои тифлакон, тантанаҳои ҷашнҳои миллию суннатӣ ва рушду пешрафти кишварамонро хоҳем, пас моро зарур аст, ки дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ беш аз пеш кӯшем, Ватани азизамонро дӯст дорему ҳар ваҷаб хоки онро азизу муқаддас шуморем. Чуноне Сарвари давлат қайд намудаанд: “… мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар як ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошанд”.

Шаҳодат ДАВЛАТОВА,

корманди шуъбаи котибот.