Ҳар рӯз як конфронс, ҳар рӯз як ҳамоиш…
Ҳар рӯз дар Муассисаи далатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи и иҷроияи Президенти Тоҷикистон вазорату идораҳо, созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ, байналмилалӣ нишасту семинарҳо, конфронсу мизҳои гирд барпо мекунанд. Шароити фароҳамовардаи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ созмонҳоро бештар ҷалб мекунад, то нишастҳҳои худро дар яке аз толорҳои ин боргоҳи маърифат гузаронанд.
Толорҳои муҷаҳҳаз ва муносиб ба ҳар шарту шароит, Интернети баландсуръат ва ғайра ҷаласоту нишастҳоро пурмаҳсулу пуробуранг мекунад. Дар ин толорҳо созмонҳо метавонанд ҷаласоти нишастҳои худро ҳузуриву онлайн баргузор кунанд ва барои ин кулли шароити зарури фароҳам аст.
Чунончӣ, дирӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология Конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши стандартонӣ ва метрология дар рушди саноат ва иқтисодиёти мамлакат” баргузор шуд.
Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Холбойзода, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, ноиби президенти Академияи миллии илмҳо, ректорони як қатор донишгоҳҳои кишвар, роҳбарият ва кормандони Агентии Тоҷикстандарт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронс дар доираи таъмини сиёсати давлат дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва беҳтар гардидани фаъолияти ҳамаҷонибаи соҳа баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо занҷираи ҳамкорию ҳамбастагии худро бо фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт равшан баён доштанд. Дар ин замина ҳар яке бо маърўзаҳои илмию назариявӣ баромад карда, фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомотро таҳлил намуданд. Дар баробари ин барои ояндаи дурахшон ва рушду такомул ёфтани соҳа ва ҳамкориҳои муштарак таклифу пешниҳодҳо карданд.
Мавзуна Орумбекова, сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ.