Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Таҷлили Наврӯз дар сар то сари кишвар ҳамоно идома дорад. Шояд ин ягона ҷашнворае бошад, ки аз таҷлили такрор ба такрор касе хаста намешавад. Ин ҷашни баҳору сарсабзӣ, ҷашни ободиву озодагӣ. Ҷашнест, ки ниёконамон ба мо мерос гузоштаанд ва бо гузашти садсолаҳо он ҳамоно ҷавон мондааст. Ва таърихаш низ ба такрор хонданиву шуниданист.
Наврӯз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон (баъдан дар байни мардумони ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 20-21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир аём» меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қавқоз таҷлил мешавад. Наврӯз дар байни тамоми идҳои мардумониҷаҳон ҳамагонитарини ҷашнҳост. Наврӯз ҷашнест, ки бар пояи эътиқодҳову боварҳо ваҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти манобеи бостонӣ пайдоиши онро бо фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣҶамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» оварда аст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда медурахшид. Мардум ин манзараро дида дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд.
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣмоя бар ӯ гавҳар андар нишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу Хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯшоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд барии тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар – он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Ба наврӯзи нав шоҳи гетифирӯз.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед (Персеполис) тасвири шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ (махсусан Дориюши Бузург) ва таҷлили Наврӯз ба назар мерасад. Дар он мардум аз гӯшаву канори Эронзамин ба сӯйи ин тахтгоҳ бо ҳадяҳои наврӯзӣ равонанд. Намояндагони мардумони гуногун ба шоҳаншоҳ дар баробари неъматҳои дастпарвардаи худ армуғонҳои гаронбаҳо – зару сим ва дурру гавҳар оварда, ба пои ӯ нисор мекарданд.
Дар манобеи таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асогузори Наврӯз номидаанд. Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумот ироа намудаанд. Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулуку- л- арз ва- л- анбиё» бар асоси асотиру ақидаҳои куҳан дар бораи таърихи мардумони эронӣ мегӯянд, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагон ва замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст.
Берунӣ дар баробари баъзе масъалаҳои дигар роҷеъ ба Наврӯз чунин гуфтааст: «Бархе аз уламои эронӣ мегӯянд, ки сабаби ин рӯзро Наврӯз номидан ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа (бутҳо) ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ваин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин Наврӯз бузург ва муаззам буд». Аз гуфтаи Берунӣ чунин бармеояд, ки дар рӯзи фархундаи Наврӯз дар байни мардуми эронӣ чунин анъана будааст, ки одамон барои якдигар ҳадя мефиристодаанд. Берунӣ аз Озарбади Мубади Бағдод чунин нақл мекунад, ки найшакарро дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз кашф кардаанд. Пеш аз ин онро касе намешинохтааст. Гӯё, рӯзе худи Ҷамшед буттаи найро дар шикоргоҳ мебинад ва онро ба даст гирифта, обашро чашида дидааст, ки ширин мебошад. Амр кардааст, ки оби онро берун оваранд ва аз он шакар истеҳсол намоянд. Ва он гоҳ дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин шакар ба даст омад ва мардум ба муносибати пайдо шудани шакар дар Наврӯз ба якдигар ҳадя мефиристоданд.
Дар аҳди Сомониён ба инкишофи суннатҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра идҳои Наврӯз, Садаю Меҳргон васеъ ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Абубакр Муҳаммади Наршахӣ, Наврӯзро аввал дар рӯзи 1 – уми фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд ва аз ин рӯ «Наврӯзи кишоварзон» ва «Наврӯзи муғон» меномиданд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул Наврӯзро заҳматкашон бо тантана ҷашн мегирифтанд. Мардум ба шарафи Наврӯз пешакӣ тайёрӣ медиданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, дар рӯйи хони наврӯзӣ мегузоштанд ва омади кишти зироатро аз рӯйи ҳолати сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд.
Тоҷикон аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, эътидолҳои баҳорию тирамоҳӣ ва қисмҳои вақтро дар давоми шабонарӯз аз мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон муайян мекарданд. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳисоби «Офтоб дар мард» (ба забони мардуми маҳаллӣ хирпичор) мебошад. Ҳисоби вақт аз рӯйи узвҳои бадани инсон аз гоҳшумориҳои қадимии тоҷикон буда, дар Қаротегину Дарвоз, Ванҷу Язгулом, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Вахон, инчунин дар байни тоҷикони водии Фарғона (Сух) аз ҷониби мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи тақвимро тоҷикони Афғонистон ва ҳатто дар Покистон ҳам истифода мекарданд. Онро сокинони ин минтақаҳо бо номҳои «ҳисоби мард», «офтоб дар мард», «панҷоҳи мард», «нишонҳо» ва монанди инҳо низ номбар мекунанд. Тибқи ҳисоби ин тақвим, офтоб дар ҳар як узви бадан якчанд рӯз меистад. Масалан, се рӯз дар камар, се рӯз дар зону, дар пою нохунҳо ва ғайра.
Мувофиқи тасаввуроти тоҷикони ҳавзаи дарёи Хингоб, Наврӯз замоне фаро мерасад, ки офтоб ба нишонаи «дил» ворид шавад. Ин айём се рӯз давом карда, иди Соли нав ё Сари сол барпо мегашт. Дар ҳисоби сокинони баъзе деҳаҳо Наврӯз дар давраи «қамар» ё «кордафсон» (рон) фаро мерасидааст. Мутобиқи ҳамин тақвим аксари мардум корҳои деҳқониро оғоз мекарданд ва ё анҷом медоданд. Иҷрои бархе аз маросимҳои мавсимӣ ва расму одатҳо низ аз рӯйи ҳамин гоҳшуморӣ сурат мегирифтаанд. Дар Бадахшон низ, ки тақвими «офтоб дар мард» (хирпичор) корбурди васеъ дошт ва дорад, нишонаи «дил» замони таҷлили соли нав ба шумор мерафтааст.
Шеваи дигари таъйини фарорасии соли нав дар байни аҳолии кӯҳистон мушоҳидаи ҳаракати офтоб ва афтидани сояи қуллаҳо ба нуқтаҳои муайян ба шумор мерафт. Асосан гардиши офтоб аз рӯйи ҷойҳои нишонашуда дар қаторакӯҳҳо, қуллаҳо,дарахтон, сангҳо ва ғайра мушоҳида мешуд, ки офтоб дар паси онҳо ғуруб ё тулӯъ мекард. Ҳисоби рӯзҳои солро мардум ба ҷуз аз нуқтаҳои тулӯъ ва ғуруби офтоб, равиши сояи қуллаҳои кӯҳ, ҳамчунин аз равзан ба нишонаҳои гуногуни хонаҳои анъанавӣ расидани нури офтоб ва ғайра муайя мекарданд. Яке аз куҳансолони деҳаи Сорҷи ноҳияи Роштқалъа Худоёров Файзулло (85 сола) гуфтааст: «Ҳангомеки аз равзанаи хона офтоб рост ба болои шаҳсутуни хона меафтад, мегӯянд, ки «офтоб дар мард афтод», яъне офтоб қувват гирифт ва метавонем, ба Наврӯз тайёрӣ бибинем».
Дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим санге мавҷуд аст, ки мардум онро «офтоббин» ном мебаранд. Ин сангро Муборакқадами Вахонӣ дар асри 19 сохтааст. Чанд рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз муйсафедони ин деҳа ба воситаи ин санг фарорасии Наврӯзро мушоҳида мекунанд. Ин олати сангӣ дар ҳамворӣ чойгир шудааст ва дар миёнаҷои он сӯрохе мавҷуд аст. Вақте ки нури Офтоб вориди он гашт, одамон пай мебаранд, ки Наврӯз фаро расидааст. Ин мушоҳидаи мардум танҳо аз 18 то 21- уми март ба амал меояд.
Дар баробари мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмонӣ ва гардишу афтодани сояи офтоб дар мавзеҳои муайянмардуми тоҷик инчунин кӯчиши рафтори ҷонварони мухталифро мушоҳида карда, фарорасии баҳорро таъин менамуданд. Ин мушоҳидаҳои фенологӣ барои муайян кардани замони фарорасии мавсими баҳор, оғози корҳои кишоварзӣ, кишти зироат, молдорӣ, боғдорӣ ва ғайра истифода мешуданд. Чунончи, аҳолии деҳоти ҳавзаи дарёи Хингоб дар оғози баҳор парида омадани парандаи хурд – сангобдавакро мушоҳида кардаанд. Дар ин айём инчунин парандаи дигар – шоҳник парида меомадааст, гамбуски хурди сиёҳ – говак пайдо мешудааст, гулҳои зардаку сиёҳгӯш– гули чоғузак мерӯидаанд.
Мардумони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Шаҳрисабз ва сокинони водиҳои Ҳисору Зарафшону Фарғона бо дидани лаклак бар он бовар буданд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик аст, чунки лаклак қосиди баҳору Наврӯз буда, одамони аз сармои зимистон дилтанггардида баробари дидани ин парандаи зебо шоду масрур мешуданд, ки фасли баҳор расидааст.
Ҷашни Наврӯз рамзҳои хоси худро дорад. Дар ҷашни Наврӯз ва ойинҳову суннатҳои марбути он ранги сафед аҳамияти бештар доштааст. Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покию беолоишӣ, сулҳу осоиш, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хонаба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҷлили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар рӯйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, мост ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан мурғ ва моҳиро рӯйи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳамҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.
Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, шоҳони сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навдӯшида ва ё хӯрдани порае панири тоза оғоз мекарданд ва дар ин рӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд.
Дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон дар айёми Наврӯз аслан ғизоҳои ширӣ, ба мисли ширбиринҷ, ширҷӯш, ширравған, ширбат омода мекарданд. Мардум ин хӯрокҳоро дар хона таҳия карда, сипас ба табақу зарфҳо бардошта ба идгоҳ мебурданд ва бо ҳам тановул мекарданд. Тоҷикони ноҳияи Сухи вилояти Фарғона дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд, ҳатто ба хонаи ҳамсоя ва хешу ақрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахси суманаковардарӯймоли сафед баста, ба зарфаш, маъмулан, орд, қанд ётухми мурғ мениҳад. Дар Бадахшони Тоҷикистон дар рӯзи Наврӯз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, шахси ба хона воридшаванда дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегӯяд: «Шогун баҳор муборак!» ва мизбон «Бо рӯи шумо муборак» гуфта, қадре ордро ба китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи ҳаёти осуда буда, сафедӣ, фаровонӣ ва фоли нек ба шумор меравад.
Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Кешу Фарғона, Қаротегину Дарвоз, Зарафшону Бадахшону Хатлон ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд доштанд, дилхушиҳои гуногун, бозӣ ва сайрҳои халқӣ баргузор мешуданд. Ин гуна идгоҳҳо дар Самарқанд мавзеи Обираҳмат, дар Бухоро – Чашмаи Айюб, дар Кӯлоб – Тамошотеппа, дар Ҳисору Панҷакенту Хуҷанд ва Истаравшану навоҳии дигар лаби рӯдхонаҳо ва атрофи чашмаҳои маъруфу ҷойҳои хушбодуҳаво интихоб шуда буданд.Дар баъзе маҳалҳо сайри наврӯзиро дар назди мазоре бо қурбон кардани гӯсфанд ё буз ҳам барпо мекарданд. Аз ҳамон давра одати мардум шуда буд, ки дар ҳафт зарф рӯзи Наврӯз ҳафт навъи ғалларо мекориданд ва аз рӯйи сабзиши онҳо фол мегирифтанд ва пешгӯӣ мекарданд, ки дар ин сол ба кадоме аз ин рустаниҳо эътибор бидиҳанд ва корҳои кишоварзиашон чӣ гуна сурат хоҳад гирифт. Тоҷикони Осиёи Марказӣ ин ҷашни аҷдодиро аз қадим бо сунатҳои волояш ҷашн мегиранд. Дар байни мардуми тоҷик оид ба Наврӯз нақлу ривоят, рубоию дубайтӣ, суруду тарона, ғазалу мухаммас ва навъҳои дигари шеър эҷод шудаанд. Мардуми заҳматкаш бо таҷлили Наврӯз сулҳу салоҳ, беҳбуд, оромишу осоиш ва хушнудиро орзу мекарданд. Масалан, дар рубоии зер интизории мардуми заҳматкаш аз фарорасии Наврӯз ва қарор гирифтани нооромиҳои давр инъикос гардидааст:
Наврӯза ба навбаҳор кай мебинам?
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам?
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор,
Дунёра ба як қарор кай мебинам?
Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пиёдапойга (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), инчунин бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, чиликадозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешуданд. Маъмултарини мусобиқаҳои наврӯз гӯштингирӣ ва бузкашӣ буданд. Дар баъзе минтақаҳо мусобиқаи пиёдакашак низ доир мешуд. Ҷавонмардони пурқувват ба ду даста тақсим шуда талош мекарданд, ки пораи матои 2-3 метраро ба даст оваранд. Навъи дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣсараспа буд, ки тирандозон аз болои аспи давон нишони ҳаракаткунандаро (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) ба нишон мегирифтанд. Дар водии Хуф найзапартоӣ маъмул буд, ки аз болои аспи давон тухмро дар замин бо найза мезаданд. Инчунин дар ҷашни Наврӯз арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар бозиҳо иҷро мешуданд.
Дар бисёр маҳалҳо пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму ойинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, чоршанбеи сурӣ ё чоршанбеи охирон, ҳинобандон, бахткушоён ва ғайраро ба мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Дар бисёр ҷойҳо рӯзи чоршанбеи охири солро «чоршанбеи сурӣ», яъне ҷашну хушнудии рӯзи чоршанбе номида, онро дар арафаи ҷашни Наврӯз барпо менамуданд. Ба баргузории ин маросим аҳли ҳар оила аз рӯйи тавоноӣ ва имкони модии хеш омодагӣ мегирифтанд. Сардори оила субҳ пеш аз баромадани Офтоб ба даст кӯза ё зарфи об ба лаби чашма ё рӯд мерафт. Баъди шустушӯй зарфҳоро пури об мекарданд. Аз болои об се борҷаҳида «Ҳар чӣ дарду бало дорам, об, бибар» мегуфтанд. Оби тозаро оварда ба остонаи дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалҳои рамзомезро иҷро менамуданд. Ҳангоми таҷлили Соли нав дар байни мардуми мо оростани суфраи «Ҳафтсин» маъмул, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон «син» дохил мешуданд. Ин ашё себ, сир, сирко, сабзӣ, суманак, санҷид, сумоқ буда, ҳар кадомашон рамзу маъниҳо доштаанд. Баъзеҳо ба тақлиди «Ҳафтсин» суфраи «Ҳафтшин»-ро низ оро медоданд, ки фарогири шаҳд (асал), шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шарбат буданд. Тоҷикон суфраи «Ҳафтмева»-ро меоростанд, ки аз ҳафт навъи меваҳои маҳаллӣ иборат буд. Занҳо дар арафаи Наврӯз маслиҳат карда, дартабақҳо гандум месабзонданд ва дар рӯзи муайян аз он дастаҷамъӣ дар деги калоне суманак мепухтанд.
Дар айёми Наврӯз мардум ба сайругашти идона мебаромаданд. Ҷойҳо ва навъҳои махсуси сайр ва идгоҳҳо мавҷуд буданд. Масалан, «Сайри соли нав», «Сайри Ширбадан», «Сайри Оби Раҳмат», «Сайри Қӯшчинор», «Сайри гули биҳӣ», «Сайри гули норинҷ» ва ғайра. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ (занҳо ҷудо аз мардон) ба талу теппаҳои гулпӯш, лаби чашмаву канори дарёҳои мусаффо ва ҷойҳои дигари хушобуҳаво рафта, базму хурсандиҳо мекарданд. Духтарон даф навохта сурудхонӣва рақсу бозиҳо мекарданд, ба шохҳои дарахтони бузург арғунча баста алвонҷ мехӯрданд. Моҳияти ин дилхушиҳо, суруду таронахониҳо, дидорбиниҳо аз он иборат буд, ки тамоми сол зиндагӣ бо фаровониву хушнудӣ сипарӣ гардад.
Дар адабиёти хаттии форс-тоҷик ва эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик дар васфи Наврӯз шеъру таронаҳои бисёре эҷод гардидаанд, ки дар онҳо арҷгузории арзишҳои фарҳанги миллӣ, зебоиҳои баҳор, васфи манзараҳои дилфиреби диёр, ишқу ошиқӣ, инсондӯстию рафоқат, адлу инсоф ва дигар ғояҳои умумибашарӣ аксандоз шудаанд. Машҳуртарин таронаҳову оҳангҳои наврӯзӣ, ки дар аҳди хонадони Сосониён суруда мешуданд, инҳо буданд: «Фаҳлабодӣ», «Сабзаи баҳор», «Офарин», «Хусравонӣ», «Мардистонӣ», «Сабз андар сабз», «Нӯшинлабон», «Боғи ширин», «Наврӯз», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Аҷам», «Кабки дарӣ» ва ғайра. Дар чунин суруду таронаҳо шуҷоату мардонагии ҷаҳонпаҳлавонон васф гардида, ишқу муҳаббат ва дилбастагии мардум бар зодгоҳу диёр, табиати зебоманзари кишвар ифода ёфтаанд. Таронаҳои ба Наврӯз бахшидаи тоҷикон, асосан, мазмун ва мундариҷаи тавсифӣ дошта, бештар табиати диёри зебоманзарро васф ва зиндагии беғашу беолоишу ширинро тараннум кардаанд.
Фасли Наврӯз аст, айёми баҳор,
Гул шукуфту гашт олам лолазор.
Дашту саҳро сабзу хуррам гаштааст,
Аз насими соф, ҳавои беғубор.
Баҳор омад, замони айшу нӯш аст,
Ба ҳар сӯ боғҳои гул баҷӯш аст.
Ба ҳар сӯ боғҳои гул чӣ бошад?
Ки ёрҷонам гули сабзинапӯш аст.
Оби раҳмат омаду Наврӯз шуд,
Боғ сабзу лола дилафрӯз шуд.
Ҳар кӣ аз ҷон хидмати устод кард,
Ёфт илму дар ҷаҳон пирӯз шуд.
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Асамблеяи генералӣқароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.
Баргирифта аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми дуюм), ки соли 2017 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.
Таҳияи Адибаи Фахриддин,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.