Ардашери Худододиён. Иншиоботи1 ориёиҳои Ирон ва Ҳинд ва ҳиндуаврупоиён
Бештари сухан аз муҳоҷирати шохаҳое аз ориёҳо ба шимоли Урупо, пас аз муҳоҷирати шохаҳои ҳиндуиронӣ ба миён овардем. Лозим ба ёдоварист, ки бархе муҳоҷирати ин шохаҳои ахир ба шимоли Урупоро оғози ҳазораи нахусти пеш аз милоди Масеҳ донистаанд, ҷиҳати масири шохаи ҳиндӣ аз шохаи урупоӣ дақиқан муқобили якдигар қарор доштааст, зеро ба гунае, ки гуфтем шохаи ҳиндӣ аз тариқи гузаргоҳҳои риштакўҳи Ҳиндукуш ба сўи рўдхонаи Синд (Indus) пешравӣ карда ва аз он рўдхона низ гузашта ва дар ҳаволии Панҷоб маскан гузиданд ва тамаддуни вижаи худро дар он ҷо бунён ниҳоданд.
Бархе ҷунбиши шохаи ҳиндуориёиҳоро ҳамзамон бо ҷунбиши муштараки шохаи ҳиндуиронии ориёиҳо дар ҳудуди ду ҳазор сол пеш аз милоди Масеҳ донистаанд. Осор ва қароини (ҷамъи қарина) таърихӣ нишон медиҳад, ки омадани ориёиҳо ба Осиёи Ғарбӣ ҳудудан, дар садаи чаҳордаҳуми пеш аз милоди Масеҳ аст. Ин ҳамон ҷунбише аст, ки ориёиҳо дар ду ҳазор сол пеш аз милоди Масеҳ оғоз кардаанд. Вуруди ориёиҳо ба Осиёи Ғарбӣ дар як навбат набудааст ва ҳама ориёиҳо ҳамзамон ба ин ноҳия ворид нашудаанд. Едвард Майер (Edvard Mayer) – ховаршиноси олмонӣ бар ин бовар аст, ки дар садаи 17 пеш аз милод аносири ориёӣ дар Осиёи Сағир ва Сурия буда ва бархе аз амирони фаластинӣ, номҳое ба гунаи ориёиҳо доштанд. Бадеҳӣ аст, ин бад он маъно аст, ки суриҳо ва фаластиниҳо ориёинажод будаанд ва ё ҳастанд. Ба фарзи муҳол, агар шарқшиноси номбурда ҳам чунин бардоште дошта, ки будан ва корбурди номи ориёӣ дар миёни фармонравоёни фаластинӣ маъмул будааст, ба ҳеҷ ваҷҳ, бо мавозини нажодшиносӣ ва қавмшиносӣ ва таҳқиқоти таърихӣ ҳамоҳанг нест. Нуктае, ки бархе аз муаррихини пешин бад-он камтар таваҷҷўҳ кардаанд, вале пажўҳишгарони асри ҳозир бадиққат онро мавриди баррасӣ қарор додаанд, тафкики (ҷудо кардан) шохаҳои нажоди ориёӣ аз якдигар аст. Шодравон Пирниё дар осори худ, дар муаррифии нажодҳо, шохаи ҳиндуурупоиро бо нажоди ориёӣ яке донистааст ва чунин мегўяд: “Ҳиндуурупоӣ ё ориёӣ ба маънои аъам (омтар, умумитар), дар ҳоле, ки ҳамон гуна, ки пештар ишора шуд, ҳиндуурупоӣ шохае аз ориёиён аст, ки ба Урупо рафта ва ба хотири тааллуқи забонҳои ҳиндӣ, иронӣ ва бисёре аз забонҳои урупоӣ монанди “ҳиндуиронӣ” ва “ҳиндужарманӣ” ва аз ҳама мусталеҳтар (чун истилоҳ кор фармудан) “ҳиндуурупоӣ” ба кор бурда мешавад”.
ШАРҲ:
ИНШИОБОТ – иншиъоб, шоха-шоха шудан, ба шохаҳо тақсим шудан.
Аз китоби “Пажӯҳиш дар тамаддуни ориёӣ”. Душанбе, 2006. Мақолаи Ардашери Худододиён “Ориёиҳо”.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.