Ардашери Худододиён. Ориёиҳо ва фалоти 1 Ирон

Дар саҳифаҳои пеш ишора ба вожаҳои “Ориё”, “Ориёно” ва “Аирйанам” намудем. Ҳамакнун ин нукта матраҳ аст, ки вожаи ахир, яъне “Аирйанам ваижа-“Airyanem-vaeje” то чӣ андоза метавонад  намои хостгоҳи  ориёиҳо бошад. Вожаи “Ориёно-Aryana”, ки ҳамон вожаи “Aиpйaна- Airyana” аст, ба маънои “сарзамини ориёиҳо-Аrierland” аст, ки ба форсии имрўза “Ирон-Iran” мебошад.

Ҳамакнун сухан бар асоси пасванди “Ваижа-Vaeja” аст, ки ҳамроҳ бо вожаи “Аириёно” ба сурати “Аириёнам ваижа”, ки ба таъбире ватани ориёҳо аст, дар паҳлўи ҳамагуна, ки дар пеш гуфта шуд, “Виж-Vez-Vej” мебошад. “Виж” ё “Важ” дар паҳлавӣ ба сурати қайди замон ва қайди макон ба маънои “поён” ва “мунтаҳоалайҳ” ва низ “бех” мебошад. Дар забонҳои словӣ ва болконӣ чунин вожае ба баёни “Veje” ба маънои “поён” ва “охир” вуҷуд дорад. Дар гўшаҳои навин Ирон низ вожаи “ваҷ” ё “вуҷ” ба кор бурда мешавад, ки ба маънои “беху бун” ва “интиҳо” мебошад. Ба таваҷҷўҳ ба ин ки “Аириёнам ваижа” ноҳияе аст, ки бар асоси манобеи бостонӣ дорои зимистоне тўлонӣ ба муддати тақрибан даҳ моҳ дар сол аст ва фасли мўътадили он сомон фақат ду моҳ умр дорад, ба таъбири коршиносони ҷуғрофиё ва иқлимшиносон бояд бахше аз Озорбойҷон то домани силсилаҷиболи Қафқоз бошад, ки шароити иқлими фавқ дар мавриди он содиқ аст. Пасванди “ваижа” ба мафҳуми “мунтаҳоалайҳ” сарзамини ориёҳо ё шимолитарин нуқтаи сарзамини ориёҳо, яъне Ирон аст.

Мутолиаи аснод ва мутуни (матнҳои) куҳан нишон медиҳад, ки вижагиҳои тааллуқдодашуда ва шароити  иқлимии нисбатдодашуда ба “Аирйанам ваижа” дақиқан ба авзоъ ва аҳволи ҷуғрофиёӣ ва иқлимии хиттаи Озарбойҷон мутобиқат дорад. Хатто дар бархе аз мутун шароити душвори зиндагӣ ва сармои машаққатбор, ки зиндагиро бар  сокинони он  ноҳия душвор мекунад, зикр шудааст ва  вожаи куҳани “Авдар-Аodar” ба маънои “бурудат” ва “сармои тоқатфарсо” қароран, ба кор бурда шудааст. Ногуфта намонад, ки то чанде  пеш забоншиносон “Аирйанам вижа”-ро ватани аслӣ ва хостгоҳи ориёиҳо медонистанд, ки ин назария дигар мавриди таъкид намебошад.

Дар  ин бахш  ба зиндагӣ ва шароити умумии зисти муҳитӣ, шеваи идораи маишати ориёиҳо пеш аз муҳоҷираташон ба Ирону Ҳинд, масир ва замони  муҳоҷирати онҳо ва  чигунагии истиқрори онҳо дар фалоти Ирон хоҳем пардохт.

Дар вопасин сутури бахши пешин ба  шароити иқлимӣ ва авзои ҷуғрофиёни ватани ориёиҳо, ки эҳтимолан манотиқи ҷанубии дарёчаи Арал бояд  бошад, ишора намудем.

Шохае аз ориёиҳо дар ҳудуди соли 1650 пеш аз милод вориди бахши шимоли ховарии фалоти Ирон шуд. Нишонаҳои ҳузури ориёиҳо пас аз соли 1600 пеш аз милод дар бахши ҷанубии Осиёи Сағир вуҷуд дорад ва пажўҳишгарон тардиде аз ин бобат надоранд.  Ин шоха аз ориёиҳоро шохаи аслӣ ё шохаи ҳиндуиронӣ ва ба таъбире шохаи ҳиндужармонӣ хондаанд. Пеш аз вуруди ориёиҳо ҳуриён ва косиён дар фалоти Ирон ҳузур дошта ва зиндагӣ мекарданд, ки бо вуруди ориёиҳо ба он ҷо ногузир аз тарки фалоти Ирон шуданд ва ҷойи худро ба ориёиҳо доданд. Дар бораи замон ва чигунагии  вуруди ҳуриён ва косиён пеш аз вуруди ориёиҳо ба фалоти Ирон иттилооти пажўҳишгарон ба гунае аст, ки зайлан ба риштаи таҳрир дар меояд. Бадеҳӣ аст, ки ин назар мавриди таъйиди қавмшиносон, забоншиносон ва таърихдонон низ қарор гирифтааст.

Огаҳиҳои марбут ба фалоти Ирон дар пеш аз ҳазораи дуввуми қабл аз милод ва бавижа, ғарби ин фалот ба ин гуна аст, ки ҳудуди соли 2200 пеш аз милод ақвоми гутӣ ё гутиён ба Бобил нуфуз карданд ва ҳудуди соли 1700 пеш аз мелод, яъне ҳудуди панҷ қарн аз вуруди тутиён ба Бобил, косиён ва ҳуриён пеш аз вуруди худ ба Байнаннаҳрайн дар бахши шимоли ғарбии Ирон сукунат доштанд.

Нуфуз, вуруд ва аҳёнан ҳуҷуми парокандаи ақвоми дигар аз тариқи кўҳҳои Зогарс, монанди лулибиён, ки дар бархе манобеъ “лулубу” бо асолати қавмии ноошно ба Байнаннаҳрайн дар ҳудуди соли 2300 пеш аз милод, ки бештар ҷанбаи ҳамалоти низомӣ доштааст, низ ба таъйиди муаррихин расидааст. Ақвоми номбурдаи боло монанди гутиён, косиён, ҳуриён ва лулубиён дорои тамаддуни арзишманд ва чашмгир набуданд, ки мавриди таваҷҷўҳ ва тақлиди мардумони дигари он сомон қарор гирад. Таҳқиқоти таърихӣ нишон медиҳад, ки пас аз соли 1400 пеш аз милод ҳокимони навоҳии шимоли ғарбӣ ва ғарбии Ирон номҳои ориёӣ (ҳиндуориёӣ, ҳиндуиронӣ) доштанд. Саршиностарини ин ҳукуматҳо давлати митонӣ аст. Аз сўе медонем, ки шоҳони митонӣ номҳои иронӣ (ориёӣ) доштаанд.

Бо вуҷуди ориёиҳо ба фалоти Ирон ва берун рондани мардумони бумии сокин дар ин фалот монанди ҳуриён ва косиён,  ориёӣ будан ба сурати яке аз шароити ҳокимият ва ҳатто салоҳияти зистан дар ин ноҳия даромад. Ҳамонгуна, ки дар аснод ва катибаҳои даврони бостон мутолиа ва мушоҳида мешавад, пеш аз ин ки подшоҳе шоҳзода  будани худро собит кунад, бояд тааллуқи худро  ба нажоди ориёӣ собит мекард. Дороюши якум (522-486к.м) намунаи боризе аз ин маврид аст. Як ориёӣ ва аз тухми ориёиҳо (ориёитабор), ў мегўяд: ман ҳахоманишӣ ҳастам, як порсӣ (иронӣ) писари як порсӣ.

Дар Ҳинди бостон низ ин тарзи фикр ба гунаи дигар дар ҷомеа густариш доштааст. Аз он ҷое, ки пас аз муҳоҷирати шохае аз  ориёиҳо ба сарзамини Синду Панҷоб, ишон ба сурати табақаи мумтоз дар Ҳинд даромаданд, ҳиндиҳои водиӣ низ худро ориёӣ медонанд ва худро ба унвони аъзои табақаи мумтози ориёӣ муаррифӣ мекунанд. Ирониёни ориёнтабор хештанро “асил” ва “озода” қаламдод мекарданд ва ин унвон ононро машмули (шомилшуда) имтиёзи вожае  мекард, ки ақвом ва қабоили дигар аз он бархўрдор набуданд. Дар Ҳинди бостон низ ин тарзи фикр ба  гунаи чашмтире мўътабар ва густурда будааст.

ШАРҲ:

  1. ФАЛОТдашти баланд ва камубеш ҳамворе, ки аз як сӯ ба заминҳои пасттар ҳамсоя, наздик бошад.

Аз китоби “Пажӯҳиш дар тамаддуни ориёӣ”. Душанбе, 2006. Мақолаи Ардашери Худододиён “Ориёиҳо”.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.