Ардашери Худододиён. Ориёиҳо ва пешинаи онон
Дар ин бахш ориёиҳоро пеш аз вуруд ба фалоти Ирон, сарзамин ё ватани аввалияи онҳо, илал ва ангезаи муҳоҷироти онҳо, чигунагии сурат гирифтани ин муҳоҷират ва масирҳои муҳоҷирати онон ва нажодашон мавриди баҳс қарор хоҳем дод. Мафҳуми вожаи «ориё» ба таври гуногун ривоят ва таъбир шудааст, маънои «асил ва наҷиб», «меҳмоннавоз» ва «озода» намунаҳое аз он мебошанд.
Ориёӣ унвони корбурди илмӣ-таърихӣ аст, ки муаррихин, забоншиносон, қавмшиносон ва нажодшиносон барои мардоне ба кор мебурданд, ки ба Ҳинд ва Ирон муҳоҷират кардаанд. Ба дунболи ин итлоқи хешовандӣ бо онҳо чун юнониён, румиён, словҳо, жарманҳо, келтҳо зери унвони ҳиндужарманҳо барои пажўҳишгарон ва донишмандон ошно ҳастанд. Ба таъбири дигар метавон гуфт, ки ирониён ва ҳиндуҳо мардумоне ҳастанд, ки ба хотири иштироки нажодияшон дорои муштаракоти қавмӣ ва фарҳангии дерина ҳастанд. Дар урфи илмии инон гурўҳ ё шохаи ҳиндужармини шарқиро, ки «ориёӣ» низ хонда мешавад, ташкил медиҳанд. Бар сари замони муҳоҷирати ҳар яке аз ин ду шоха ҳанўз ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ҷое, ки қавми аслӣ ё ориёиён ҷудо нашуда, дар адвори бисёр дур мезистанд, ба дурустӣ маълум нест. Бархе онро шомили кўҳҳои Ҳиндукуш ва ё андаке фаротар аз он дар Русия, ҳаволии дарёчаи Арал ва дар атрофи рўдхонаҳои Ҷайҳун (Оxus) ва Сайхун (Jaxartes) то имтидоди шимоли ховарии Афғонистони имрўзӣ медонанд. Мушаххас набудани ватани аслии ориёиҳо, мутолиа ва пажўҳиш дар бораи роҳҳои муҳоҷирати онҳоро низ ба сарзаминҳои гуногун бар муҳаққиқон душвор намудааст.
Пажўҳишҳои ахир нишон медиҳад, ки дар ҳазораи дуввуми пеш аз милод бахше аз ориёиҳо ё беҳтар бигўем, шохае аз ориёиҳо ё “ҳиндуҳои баъд” ба минтақае ворид мешаванд, ки баъдҳо “Ҳиндустон” хонда мешавад. Шохае низ аз тарафи мағриб ба фалоте, ки “Ориёно-Аryana” ё сарзамини ориёиҳо (Arierland), ки ба форсии имрўзӣ “Ирон-Irna” хонда мешавад, ворид мешаванд, шохаи пешини “ҳиндуён” ва шохаи ахири “ ирониён” ҳастанд. Пас аз ин муҳоҷират ва истиқрор, сарзаминҳои дигаре низ ва ориёиҳо истиқбол кардаанд, ин сарзаминҳои мизбон, қавмият ва забони онҳоро “ҳиндужарманӣ” ном ниҳодаанд. Аз он ҷумлаанд се шибҳаҷазираи бузурги воқеъ дар дарёи Медитаронаи Фаронса ва ҷазоири Британия, сарзаминҳои шимолии Скандинавия ва нимаи шимолии Русия. Бахшҳое аз Осиёи Сағир ва Осиёи Марказӣ аз ин ҷиҳат аҳмияти чандоне надоранд. Таҳқиқот дар ин замин нишон медиҳад, ки ҷунуби Русия низ баъдҳо машмули (шомил) ин қоида шудааст ва унвони “ҳиндужармонӣ” ба он тааллуқ гирифтааст. Дар баррасии муштаракоти фарҳангӣ ва иҷтимоии ин мардумон дар пешинаи куҳани онҳо, бостоншиносон бо бисёре вожаҳои ҳамсон бархўрд кардаанд, ки аз он ҷумла аст: вожаи Худо дар форсии иронии бостон “даъво-deus”, дар литвонӣ “довас-devas” ва дар замони паҳлавӣ “див-div”. Лозим ба ёдгорӣ аст, ки дар забонҳои иронӣ ба маънои дав ва шайтон ва дар забонҳои юнонӣ, лотин, санскрит ва ғайра ба маънои “Худо” мебошанд. Ва дар забонҳои форсии бостони асри ҳахоманишӣ “дево” ба маънои “бут” аст. Дар манобеи асотирӣ ва динии иронии бостон сарзамини Аирйанам ваэҷу “Airyanem-vaejo”, ки ба паҳлавӣ “Иронвиҷ-Eran-vaz” ё “Иронваж-Eran-vez”, ба форсии имўзӣ “Иронвиҷ-Eran-vig” хостгоҳи ориёиҳо дониста шудааст.
Аз китоби “Пажӯҳиш дар тамаддуни ориёӣ”. Душанбе, 2006. Мақолаи Ардашери Худододиён “Ориёиҳо”.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.