“Ардавирознома» ва Ардавироз. Як шинохти дигар аз таърихи миллат

Мероси-хаттии-бостонАрдавирознома биҳишту дӯзах дар оини Маздаясноӣ, яке аз осорест, ки дар давраи Сосониён аз ҷониби муаллифи номаълум навишта шудааст. Асар аз паҳлавӣ ба санскрит, англисӣ ва дигар забонҳо низ тарҷума гардида, аз 101 фаргард иборат буда, дорои хусусиятҳои ахлоқӣ-бадеӣ мебошад. Асари мазкур аз ҷиҳати маданияти баланди суханравӣ ва тарзи баён нисбат ба дигар осори адабиёти паҳлавӣ мукаммалтар мебошад.

Сабаби таълифи асари мазкур аз ҷониби муаллифи номаълум дар он аст, ки Александри Ҳрумойи(к) , ки дар Миср меҳан дошт, ба Эрон барои набарду вайронӣ бирафт. Ӯ фармонравои Эрони бузургро бикушт ва ҳамаи номаҳо, бахусус Авастову Занд, ки бо оби зар дар чандин пӯсти виростаи гов навишта шуда буданду дар Дижи Набишт нигаҳдорӣ мешуданд, бисухт.

Ӯ чандин мубадон ва соҳибдинону мардони тавонгар  ва худогоҳу донишмандони Эронро бикушт. Дин дар дарҳамбарҳамӣ буд ва мардумон дар баъзе масъалаҳои динӣ дар шакку шубҳа буданд. Фарзонагону мубадон аз ин вазъ дар бим шуданд. Ҳар яке перомуни вазъ андешае иброз доштанд ва ба хулосае омаданд, ки аз миёни мо яке аз олами миниуӣ (трасендентӣ) огаҳӣ биёварад, ки оё ин ниёишҳои мо ба Яздон мерасида бошад ё не.

Хулоса, аз миёни ҳафт мард яке бо номи Ардавироз ё Ардавироф марди поку парҳезкоре аз ҷониби пешвоёни дини зардуштӣ интихоб гардида, то сайри руҳонӣ  дар ҷаҳони дигар дошта бошад ва аз онҷо огаҳӣ ба даст оварда, дар дастрасӣ ба ҳамоинони худ бигузорад.

Ардавироз баъд аз шустани сару тан, пӯшидани пироҳани нав ва нӯшидани нӯшобаи гуштосбӣ ба хоб рафт ва муддати ҳафт шабонарӯз бо ҳамроҳии ду фаришта сайре кард ва подоше, ки аз ҳар кори нек ба некӯкорон ва бодофароҳие, ки аз ҳар гунаҳ ба гунаҳкорон дода мешавад мушоҳида карду сипас рӯзи ҳафтум ба ҷаҳони моддӣ баргашт ва ба фарзонагон мушоҳидоти худро баргуфт.

Ардавирознома бинобар сабаби арзиши баланди таърихӣ ва адабии гузаштаи миллати форсу тоҷик доштанаш дар баробари дигар сарчашмаҳои осори бостонӣ аз ҷониби олим ва авастошиноси тоҷик устод Бобоназар Бобохонов аз паҳлавӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, дар қисмате аз китоби «Мероси хаттии бостон» китоби 2, ҷилди 1 дар силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) соли 2014 нашр  гардид.

 

Китоби пурарзиши “Мероси хаттии бостон”-ро метавонед дар Телеграмканали мо бихонед.

 Он ин ҷост: “МЕРОСИ ХАТТИИ БОСТОН” https://t.me/pdf_library_kmt/73

Таҳияи, Искандаров Орзуҷон,

мутахассиси пешбари Маркази «Тоҷикшиносӣ»