Арҷгузорӣ ба таърихи миллат
Тамоми таълимоти Пешвои муаззами миллат ва моҳияти воқеии онро принсипҳои ба вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ баҳо додан, дар муносибат бо таҷрибаи таърихие, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегирад. Ин мантиқи комилан илмӣ аз лаҳзаҳои аввале, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати роҳбари давлат интихоб гардид, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ, баръало ба чашм мерасад.
Чунин мавқеъгирии собитқадамона маҳсули андеша, хирад донишҳои амиқи таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна, давраҳои нав ва навтарини миллати тоҷик, олами мутамаддин ва ҳамзамон бо ин, таҳлили таҷрибаи сиёсии Пешвои миллат мебошад.
Тибқи таълимоти Роҳбари давлат дар замони ҳозира тамоми илмҳо неруи бузурги истеҳсолкунанда доранд. Дар ин маврид илмҳои ҷамъиятӣ истисно нестанд. Зеро тавассути илмҳои гуманитарӣ қонунмандиҳои тараққиёти ҷамъият ва тафаккур таҳқиқ ва барои пешгирӣ кардани равандҳои номатлуб дар ҷомеа сафарбар карда мешаванд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ инкишоф меёбад. Муносибати мақсадноки инсон ҳамчун субъекти фаъоли ҷомеа дар сохтан ва таҳкими давлати миллӣ ба таври созанда муайян мегардад.
Дар Паёми Пешвои миллат таъкид карда мешавад: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Дар ҳуҷҷати мазкур, ки маҳсули тафаккури хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон аст, мантиқи ҷаҳонишавӣ, рушди технологияи иттилоотӣ, воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва оқибатҳои фалокатбори он барои ҷомеаи Тоҷикистон хотиррасон мегардад.
Вобаста ба ин, ҳар як узви ҷомеа бояд донад ва ба насли ҷавон фаҳмонад, ки Тоҷикистон як бор фоҷиаи мудҳиши Сурия, Ироқ, Тунис, Яман, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ливия, Афғонистонро бо чашми худ дид. Аз сар гузаронид. Оқибатҳои ин ҷанги хонумонсӯз, ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам маънавӣ, то ҳол пурра бартараф нагардидаанд. Даҳсолаҳо лозиманд, то кишвар ин хатои бузурги таърихиро, ки решаи он дар дохили мамлакат, дар аъмоли зиддимиллии намояндагони дастнигару бегонапарасти ҳамин миллат буданд, бартараф созад. Ва ин дарахти сершоху барги анчар, ки мустақиман аз хориҷи кишвар обу ғизо мегирифт, парвариш меёфт, имрӯз ҳам пурра хушк нашудааст ва акси садои хастаи онон мисле, ки аз боғ овози нофорами зоғ садо медиҳад, ҳоло ҳам гоҳ-гоҳе ба гӯш мерасад. Террористони онон ду-ду, чор-чор, ҳар замон нобуд ё дасгир мешаванд.
Як ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки ҳеҷ як қувваи беруна, агар дар дохили миллат хоиноне пайдо насозад, бо онҳо аз рӯйи ғараз пулу мол надиҳад, кумаку ҳамкорӣ накунад, давлатро ноором ва мардумро бесаранҷом карда наметавонад.
Давлат, миллат мебояд аз лиҳози маънавӣ, дониш, маърифат, худшиносӣ то ба он дараҷае якдил, яктан, якмаром бошанд, ки тақдири таърихии ӯ ҳаргиз аз омилҳои берунӣ вобастагӣ надошта бошад. Барои давлати миллӣ таҳдидҳо доимӣ, абадӣ ва беохиранд. Дар шакли ҳар гуна қувва, хатар, намуд, мафкура, шиор, ваъда пайдо мешаванд.
Қудрати халқ дар сифат, сохтор, мундариҷаи шуурнокӣ ва ҷаҳонбинии ӯст. Ниҳоят зарур аст, ки миллат дар ҳар як шикаст гуноҳи худро эътироф кунад. То дар замони осудагӣ ва шукуфоӣ, ки хушбахтона, хоси вазъи имрӯзаи Ватани мост, дар ғафлат намонад. Аз он рӯзҳои фоҷиавӣ андеша кунад. Собитқадамона хатоҳоро ислоҳ намояд. Ба давлат нигоҳ накунад. Зеро давлат худи миллат, худи мардум – аз хурд то бузург аст.
Шахсияти бузурги таърихӣ, ки ин миллатро аз бадбахтиҳои даҳшатнок раҳонид ва ҳар рӯзу соати ҳаёташ ҷоннисорона барои хушбахтии ҳамин миллат сарф гардид, ба чашми ҳар як нафаре, ки худро марбут ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамин медонад, рост нигоҳ карда, муроҷиат мекунад: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, бо онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».
Ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар илм, маърифат, огоҳ будан ва тавре Пешвои миллат борҳо таъкид кардааст, донистанҳост. «Ҳама гуна муайянӣ, айниятҳо дар муайян будан ва айниятҳои дигар муайян мегардад».
Роҳбари давлат барои он ки фарзандони миллат роҳу равиши зиндагии хешро ёбанд, нақши худро дар ҳаёт аниқ созанд, борҳо бузургворона ҳидоят мекунад:
«Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷоӣ кунем».
Ду даҳсола қабл, замоне ки нооромӣ ва бесуботӣ ҳанӯз дар мамлакат вуҷуд дошт, маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба нашри навбатӣ омода мешуд, шахсан худи ӯ ба ин асар таҳти унвони «Сарчашмаи худшиносии миллӣ» сарсухан навишт. Он аз чоруним саҳифа иборат аст. Аммо қимати як асари бузургҳаҷмро дорад. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Воқеан, таърихиро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур шуда, ба вартаи гумномӣ қадам мениҳад… ин бадбахтии бузург аст… »
Дар рӯзгори таърихие, ки баъд аз нашри китоб гузашт, Пешвои муаззами миллат даҳҳо, садҳо маротиба дар нишасту анҷуманҳои муътабар, сатҳи баландтарин ва суҳбатҳо бо миллати миннатпазири хеш, аз бузургвории қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони сарсупурдаи ин миллат боифтихор мисолҳо меоварад. Аз корнамоиҳои асили рафтори фидокорона ба хотири тоҷикон ва ин сарзамин ёдовар мешавад. Тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайравӣ аз кору пайкори онон даъват менамоянд.
Аммо мардум медид ва мебинад, ки худи Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву ҳар рӯз даҳҳо ва садҳо чунин қаҳрамониҳо кардааст ва мекунад.
Дар вобастагӣ бо китоби «Тоҷикон» дар Паём, махсусан, таъкид мегардад: «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард».
Пешвои миллат бори дигар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун сарчашмаи муътамад ва гаронбаҳои бедории ҳисси миллӣ муаррифӣ карда, тасмими дурандешонаи худро ба мардуми Тоҷикистон эълом медорад: «Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд».
Ҳамин тариқ, масъалаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат, бо мавзӯи донистани моҳияти масъала, яъне асли халқи худ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ҳар шахс барои он ки ба ҳақиқати зиндагӣ наздик шавад, онро дарк кунад, бояд собиқаи миллати худро омӯзад ва донад.
Ин талабот ба ҳама, махсусан, барои ононе, ки дар пеши эътиқод, забон, фарҳанг, урфу одат, анъана, ҷаҳонбинии бегонагон сари таъзим фурӯ меоранд ва дар ҳамин асос омода ҳастанд, ки на танҳо ҳаммиллатони олӣ, балки мисли Абдулатиф падари худ – олими бузурги машриқзамин, амири Самарқанд Мирзо Улуғбекро бо хунсардии ваҳшиёна ба қатл расонанд, дахл дорад. Ҳар касе, ки аз таърихи шашҳазорсолаи миллати хеш воқиф мегардад, ин собиқаро бо фарҳанги бегонагон дар муқоиса гузошта метавонад, дунёро бо чашми хирад менигарад, аз ҷоҳилияти ватансӯзона канор меравад. Барои чунин донистанҳо маъхазҳои илмӣ, далелҳои муътамад, ҳақиқати санҷидашуда зарур аст. Пешвои муаззами миллат ба сифати чунин сарчашма асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро эълон кардааст.
Ин китоб муддати ним аср аст, ки ҳамчун натиҷаи таҳқиқоти далелҳои раднопазири таърихӣ, тавассути методҳои ҳақиқие, ки чунин хулосаҳоро ба бор овардааст, мавриди эътимод, эътироф ва эътиқоди машҳуртарин марказҳои илмии олам эълон гаштааст.
Аз китоби С.Ятимов “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат”, Хуҷанд, “Ношир”-2020.
Хоҳишмандон ин китобро метвонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Мавзуна Салимова, сармутахассиси
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.