Армуғони озмун. Гулпарӣ Ҳусейнова. Довталабе, ки баъди падар вориди сабқат шуд

Дар номинаи хондан ва аз бар кардани осори адабиёти ҷаҳон рӯзи ҷумъаи гузашта шоҳиди баромади Гулпарӣ Ҳусейнова шудам. Гулпарӣ Ҳусейнова номзади илмҳои филология, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ асарҳои хондаашро шарҳ медод.

Пас аз он, ки доварон ӯро шуниданд, бо ӯ сӯҳбат кардам. Чуноне гуфтам, Гулпарӣ номинаи чорум, хондан ва аз ёд кардани осори  адабиёти ҷаҳонро интихоб кардааст.

Ӯ, ки иштирокдори соли аввал аст, мегӯяд ин озмун доираи шиносоияшро бо адабиёти ҷаҳон бештар карда аст.

– Ду сол пеш мутолиаи ман дар як маҳдуда  буд. Пас аз эълони  озмун ба китоб рӯ  оварда, беҳтарин ганҷҳои адабиётро барои худам дастрас намудам, иброз дошт ҳини гуфтугӯ Гулпарӣ.

Ӯро барои ширкат дар сабқати ҷумҳуриявӣ шавқу талоши падараш нисбати китобхонӣ таҳрик додааст. Ҳамчунин омили интихоби ин номина пайвадагари на танҳо миллатҳо, балки тамоми дунё будани адабиёти ҷаҳон аст.

Зеро мо ба туфайли адабиёти ҷаҳон бо урфу одат, расм,  ойини дигар давлатҳо ва дигар қаҳрамонҳо ошно мешавем, ки шояд бори аввал шунида бошем. Мутолиаи китоб ба ман рӯҳ мебахшад.

Устоди аввалинаш дар ин роҳ падарашро донист. Соли гузашта падари Гулпарӣ иштирокдори ҳамин озмун аз рӯи ҳамин номина буд, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷои 3 – юм гардид. Ӯ падари 65- солаашро дида, рӯҳ гирифт, ки падар ба синну солаш нигоҳ накарда талош кард.

Пас аз ҳимояи рисолаи имлмияш ба ин номина омодагии ҷиддӣ дид ва то сатҳи ҷумҳуриявӣ расид.

 Ин омӯзгор бовар дорад дониш ва ҷавобҳояш ба доварон қонеъкунандаанд. Зеро 147 китоби насру назм аз осори бузургони дунё хондааст. Асосан адабиёти мутолиакардааш ба забони русист. Зеро хондани адабиётро дар забони асл беҳтар мебонад. Ба назари ҳамсӯҳбатам адабиёти рус дар асл дигару дар тарҷума дигар аст.

Албатта, ӯ баъзе китобҳои дигаро ба забони англисӣ ва фаронсавӣ хонда аст. Чун худаш омӯзгори ҳамин фанҳо ҳаст. Қисме аз китобҳои мутолиакардааш бо забони тоҷикӣ аст.

Хондани китобҳои таърихиро тарҷеҳ медиҳад Чун донистани таърих ҳатмист. Вақте киобҳои таърихӣ мехонӣ, таърихи ҳамон миллатро мешиносӣ. Мефаҳмӣ, ки он миллат чӣ рӯзҳоро аз сар гузаронидааст.

Бори аввал ба асарҳои адибони Амрикои Лотин ошно шуд. Ҳарчанд дар сужаҳои афсонавӣ нигошта шудааст ва беҳтарин асарҳои насрии  адибони он романҳои ҷодуианд, лекин мазмуни тарбиявиашон бисёр аст.

Дар ҳамин ҳол нависандагони синиро низ бори аввал мутолиа намуда, писандидааст.  Аз адабиёти Чин Лу Син ва Мо Янро бештар хуш дорад.

Асари Мо Ян “Красный гаолян” (чун ба русӣ хондааст) маъқулам шуд, – гуфт Гулпарӣ.

Мо Ян барандаи ҷоизаи нобелист, ки онро маҳз бо асари “Красный гаолян” ба даст овардааст. Ин асар беҳтарин асар аст. Муаллиф таърихи гузаштаи урфу одатҳои Чинро нишон додааст.  Дар он давраҳо пойҳои духтарони ҷавонро бо бинт мебастанд, ки пойҳояшон хурд шаванд.

 Ба ҳусни духтарон нигоҳ накарда, аз рӯи пойҳояшон онҳоро ба занӣ мегирфтанд.

Ё ҷанги Ҷопон бо Чинро нависанда тасвир кардааст. Сагҳо чӣ гуна ба гӯшти одам хӯрдан одат мекунанд.

Боз як одати дигар низ доштаанд, ки кӯдакони то 5 соларо гӯр намекарданд. Барои хӯрдани парандаҳову сагҳо мегузоштанд.

Раҳима АЪЗАМ