Армуғони озмун. Маҳиноз Холиқова: Раҳнамоям дар озмун модарам аст

Номинаи адабиёти бачаҳои озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» барои кўдакон дирӯз ба поён расид. Холиқова Маҳиноз, хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи рақами 30 аз шаҳри Панҷакент, пас аз нимаи дуввуми рўз ширката намуда, ба суолҳои ҳакамон посухҳои дақиқ ва ҷиддӣ дод.

Ў, ки дар аввал каме ҳаяҷонзада буд, бо қироати шеърҳову чистон ва зарбулмасалҳо доваронро муътақид сохт, ки руйхати низомномаро пурра риоя намуда, ҳатто теъдоди китобҳои хондааш бештар аз руйхати озмун аст.

Ў омодагии ҷиддӣ дида аст, 200 чистон, 50 тезгўяк, 400 латифа аз бар кардааст. Мақсад аз иштирокро санҷидани малакааш медонад ва аз падараш, ки устои дуредгар аст ва модараш, ки дӯзанда мебошад, миннатдор аст.

– Раҳнамоям дар озмун модарам аст, ки тамоми китобҳоро аз китобхонаҳои мактаб ва ноҳияву шаҳр пайдо карда овард. Баъзе китобҳоро, ки дар китобхона наёфт, аз мағозаи китоб харидорӣ кард. Инчунин шакли электронии китобҳоро бароям дастрас намуд.

Дар хонавода 5 фарзанд ҳастем, ки аввалинаш ман ҳастам. Бо ёрии модарам бародарону хоҳаронамро низ омода мекунам.

Дар хонаи онҳо муҳити адабӣ ҳукмфармос будааст, зеро ба гуфтаи Маҳиноз имсол бародари хурдӣ дар олимпиадаи мактабӣ аз фанни математика ва хоҳараш аз фанни ҷуғрофиё соҳиби ҷойҳои 2-юму 3 юм шуданд.

 Маҳиноз ин фазои фарҳангиро идома доданист. Афзуд, ки хоҳарамро, ки синфи 3 мехонад, дар ин озмун омода мекунам. Модарам вақте аз кор бармегардад, китобҳоро тариқи электронӣ ба мо медиҳанд ва аз мағозаҳо мехарад. То метавонад кўмак мекунад, ки мо ҷойгоҳамонро дар зиндагӣ пайдо кунем.

Ин номина асал барин ширин аст ва корамро аз ин номина шуруъ кардам, то номинаи адабиёти ҷаҳон ширкат мекунам ва сол то сол шумори китобҳои мутолиакардаамро зиёд мекунам.

Ў, ки тарҷумон шуданист, мегўяд давоми сол рўзе 2-3 соатро сарфи мутолиа кардааст.

Маҳиноз аз китобҳои хондааш ҳикоя кард, масалан аз китоби Абдумалик Баҳорӣ фаҳмидам, ки фантастика чист ва дигар сайёраҳо низ вуҷуд доранд ва онҳо низ ба мисли мо одатҳои худро доранд.

Раҳима Аъзам