Армуғони озмун. Профессори фахрии 80 – сола аз Хатлон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Имрӯз дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон” Валентина Андреевна Должиковаи 80 сола, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, омӯзгори кафедраи забонҳо байни аспирантон ширкат кард ва бо шеърхониву китобҳои хондааш ҳайати доваронро дар ҳайрат гузошт.
Ӯ аз адибони ҷаҳон китобҳои зиёде мутолиа кардааст ва шеърро бо маҳорати болои нотиқӣ ва маҳорати актёрӣ хонд. Ӯ аз адибони тоҷик низ асарҳо хондааст.
– Аз шоиру нависандагони тоҷик низ хондаам. Аз ҷумла аз нависандаи бузург ва аввалин Президентии академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ романи “Дохунда” ва повести “Ятим”- ро хондаам, гуфт зимни сӯҳбат Валентина Андреевна.
Ӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор карданро ифтихору шодӣ медонад ва тамоми умрашро баҳри рушди илм гузарондааст.
Адабиёти ҷаҳонро ба он хотир интихоб намудааст, ки ҳар миллат ҷавҳар, нобиға ва суханофароне дорад, ки дар саҳифаҳои осорашон тарзи зиндагии асил ва боадолатонаро меомӯзанд ва чи гуна дили инсонҳоро наозурдан ва шарофатмандона зистанро талқин менамоянд.
Ӯ пас аз суханронӣ намудан дар озмун бо ВАО сӯҳбат намуд, ки хеле ба эҳсосот дода шуда, аз шиддати ҳаяҷон меларзид.
Мегуфт, ки модар бемор дошт, ки умрашро ба парастории ӯ бахшида, аз баҳри зиндагии хонаводагӣ гузашт. Ӯ 6 сол аст, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дарс мегӯяд.
Мегӯяд ман касе надорам, ҳаётамро дар роҳи илм бахшидам ва аз ин пушаймон нестам. Аз зиндагии хонаводагиаш пурсидам, гуфт дар гузашта касеро дӯст доштам, ки маро дӯст надошт.
Дар суҳбат дар бораи мусиқӣ ҳарф зад ва гуфт хуб навозандагӣ ҳам мекунад, бахусус асбобҳои мусиқии аккордион ва баянро хуб менавозад.
Зимни суҳбат аз Валентина Андреевна пурсидам, ки чаро барои кор Душанберо ихтиёр накард. Гуфт Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд. Хуб ҳам шуд, ки рафтам. Ҳоло Корманди шоистаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам.
Раҳима Аъзам