Армуғони озмун. Довталаб аз милисаҳои оянда, курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

Хайрандеш-НазаровОзмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» давом дорад. Новобаста аз баргузории он толорҳои хониши китобхона пур аз мутолиакунанда аст. Ин бозгукунандаи таваҷҷӯҳи мардум нисбат ба китоб аст. Ба гуфтаи як омӯзгори ширкаткунанда дар озмун ин ки мардум ба китоб завқу шавқ доранд, худ комёбист. Муҳим нест, ки ғолиб кисту мағлуб кист. Муҳим он аст, ки онҳо китоб м ехонанд ва бояд дасташонро фишурд.

Хайрандеш Назаров низ аз зумраи шавқмандони китоб аст, ки дар соли 5- уми Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамояд. Ӯ довталаби номинои адабиёти кӯдакон аст. Падараш омӯзгори фанни забони русӣ ва аввалин устодаш аст ва маҳз ӯ меҳри китобро ба дили ӯ ҷо кардааст. Аввалин китоби хондааш, ки аз устод Садриддин Айнист, тавсияи падараш буд. Модараш бо ин ки кадбону хона аст, китоб мехонад ва бо Хайрандеш атрофи китобҳои мутолианамудаашон мубоҳиса менамоянд. Барои модараш ҳам китоб мебарад, масалан китоб “Ғуломон”- ро ки худаш хонд, ба модараш дод.

Модараш аз ӯ хоҳиш мекунад, ки китобҳои хондаашро барои ӯ бихонад. Ду сол хонандаи фаъоли Китобхонаи миллӣ аст ва аксари китобҳояшро дар толорҳои хониши ин макон мутолиа намудааст. Ба гуфтаи ӯ муҳити китобхона барои хондани китоб орому мувофиқ аст ва ҳама имкон барои мутолиаи хонандагон муҳайёст. Ӯ, ки давоми ду сол омодагии хуб дидааст, мегӯяд соли аввал ғолиб наомад, вале дилшикаста нашуда, балки андешид, ки имсол нашуд, соли дигар мешавад.

Ба гуфтаи адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон агар ин озумун бо ҳама ҳусну қубҳаш тавонад, ки ақаллан 100 каси дорои чунин андешаро ба арсаи зиндагии фаъол дарорад, пас, ин озмун беҳтарин озмуни миллист. Ҳадафи ин озмун ҳаргиз сабқати доноиву нодонӣ нест, набояд ин гуна бошад, балки сабқати ақлҳо бошад, маконе бошад, ки андешамандон кашф шаванд.

Хайрандеш боз хоҳиши ширкат дар чунин озмунҳои сатҳи болоро дорад, зеро чуноне худаш изҳор дошт, ӯ ниёз ба ҷоизаи пулии “Фуруғ” надорад, барояш ба даст овардани пирӯзӣ аҳамият дорад.

Ин донишҷӯ аз суолҳои доварон розӣ асту иброз медорад, ки саволҳои ҳакамон ҷолиб буданд. Ҳатто ҳар китоберо, ки аз ӯ пурсидаанду ӯ нахондааст, дар дафтараш навишт, то пас аз озмун онро пайдо ва мутоли намояд.

Ин ҷавон шефтаи асарҳои устод Садриддин Айнист ва бештар аз ҳама ба мутолиаи осори ӯ пардохтааст. “Ёддоштҳо”, (қисми 1-2) “Таҳзибуссибён”, “Аҳмади девбанд”, “Марги судхӯр”, “Одина”, «Қаҳрамони халқи тоҷик» ва “Ғуломон” аз ҷумлаи китобҳои хондаи ӯст. Ҳамчунин 13 роман, 45 қисса, 40 повест ва 150 афсонаи халқи тоҷик ва осори дигари дар низомнома овардашударо мутолиа намудааст. Аз адабиёти ҷаҳон низ кам нахондааст, 7 повест, 5 роман ва дигар асарҳои адабиёти ҳинд, турк, рус, кишварҳои дигарро медонад. Аз нарасидани тарҷумаи асарҳои ҷаҳон ба тоҷикӣ шикоят намуд. Гуфт забони асли нависандагони оламро ҳама намедонанд, ки асарро ба забони асл хонанд. Хуб мешуд онҳо ба тоҷикӣ ва бо теъдоди зиёд нашр шаванд. Мехоҳам асарҳои дунёро ба тоҷикӣ бихонам, аммо кам аст.

Номинои адабиёти кӯдаконро ба он хотир интихоб намудааст, ки мувофиқи рӯйхати он довталаб бояд аз адабиёти ҷаҳон, классикӣ ва муосир огоҳ бошад. Аз ин хотир бахшеро интихоб намуд, ки дар он маҳдудияти мутолиа набошад.

Ӯ китобхониро шуғли писандидаи медонад ва рӯзе то 200 саҳифа ҳам хондааст. Китоб дӯсти беминнати инсон аст ва касро аз рӯҳафтодагӣ берун мекашад. Одам аз хондани китоб пушаймон намешавад. Ба мардум тавсия медиҳам биёянд китоб бихонанду дар ин озмун ширкати фаъол намоянд.

Раҳима БОБОЕВА