Артиши миллӣ – муттакои давлат

Чуноне ки аз таърихи давлатдории ниёгон ба мо маълум аст, миллати тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз ибтидои давлатдории хеш ба ташкили лашкари боэътимод диққати аввалиндараҷа медоданду ба он арҷ мегузоштанд. Аз ин ҷост, ки гузаштагони мо ҳануз аз лаҳзаи таввалуди писар ӯро ҳамчун ҳомии Ватан муаррифӣ мекарданд ва ба ин ниҳоди зарурӣ арзиш қоим буданд.

Ҳарчанд тоҷикон чашми ҳарис барои ғасби кишварҳои бегона надоштанд, вале дар ҳифзу ҳимояи марзу буми худ побарҷо буданд. Ва дар гуфтору рафтор содиқу вафодор чун Ватан ба мо бо ҷонбозии беназир расидааст, моро низ лозим аст, ки баҳри ояндагон онро беолоиш ба мерос гузорем ва дар амонати аҷдодони хеш хиёнат накунему ҳимояи марзу буми онро қарзи фарзандиамон донем.

Вақте сухан дар бораи артиш меравад, беихтиёр ҷавонон пеши назар меоянд, чунки маҳз онҳо тақвиятбахши ин ниҳоданд ва метавонанд бо итминон ибратомӯзи қаҳрамониву ҷоннисориҳои аҷдодони гузаштаамон бошанд. Дар ҳақиқат номуси меҳанпарастиро имрӯз мо метавонем дар симои ҳар як ҷавони далеру шуҷоъ дарёбем ва бо боварии комил худро артишдор гӯем, зеро фидокории родмардони Ватан дар ҳифзу ҳимояи марзи кишвар дар қазияи байни Тоҷикистону Қирғизистон гувоҳи ин гуфтаҳост.

Боиси зикр аст, ки иқтидори артиши ҳар давлат аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он вобаста аст. Ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳамеша огоҳу бедор бошанд ва аввалин қарзи ватандории худ – хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро фаромӯш накунанд. Зеро хидмат дар сафи Артиш ин хидмат ба Ватан, ҳимояи марзу бум, таъмини амнияти сокинон аст.

Мавзуна САЛИМОВА,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.