Арзиши таърихӣ ва илмии нусхаҳои хаттӣ

Нусхаҳои хаттӣНусхаҳои хаттӣ мероси илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии ҳар як қавму миллат мебошанд. Онҳо сарчашмаҳои арзишманде ҳастанд, ки иттилоотро дар бораи ҳаёти ҷомеаҳои  гузашта, урфу одатҳо, забон, илм ва адабиёт тавассути хат ва матнҳо ба мо мерасонанд.

Китобхонаҳо, бойгониҳо, осорхонаҳо ва пажӯҳишгоҳо барои нигоҳдорӣ ва омӯзиши ин мероси гаронбаҳо  масъул мебошанд, ки ҳар як дастнавис дар худ як қиссаи пурмуҳтаво ва арзиши илмию таърихӣ дорад. Бояд зикр намуд, ки дастхатҳо ҳамчун манбаъҳои аслӣ барои омӯзиши таъриху адабиёт ва фарҳанги даврони гуногун хидмат мекунанд.

Онҳо кӯмак мерасонанд, ки мо бо раванди таҳаввули сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва воқеаҳои гузаштаи мардум ошноӣ пайдо намоем. Масалан, дар осори таърихӣ мо метавонем дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ, сулолаҳо, созишномаҳо, қарорҳои расмӣ ва ҳатто ҳолати маънавии мардумон дар замонҳои гуногун маълумот пайдо кунем. Ҳамчунин дастхатҳо на танҳо таҷассумгари илму таърих, балки ҳуввийяту фарҳанги ҳар як миллатро муаррифӣ менамоянд.

Маъхазҳои адабӣМаъхазҳои адабӣ, мақолаҳои илмӣ ва хатҳои ниёгон ба мо дарк кардани эътиқодҳо, урфу одатҳо ва арзишҳои зиндагии гузаштагонро меомӯзонанд. Масалан, ҳар як осори адабии қадим метавонад дар бораи муҳаббат, шараф ва вафодории мардум дар замонҳои гузашта ҳикоя кунанд. Ғайр аз ин, осори динӣ, тасаввуфӣ ё фалсафӣ метавонанд ба мо афкори динию фалсафии гузаштагон, ҷаҳонбинӣ, инчунин ваҳдату якдигарфаҳмии мардумонро нишон диҳанд.

Бояд гуфт, ки  дастнавиштаҳо як манбаи беназири омӯзиши забон ва рушди он дар тӯли асрҳо низ мебошанд. Дар нусхаҳои хаттӣ шаклҳои куҳнаи калимаҳо ва ибораҳо мавҷуданд, ки имрӯз дар забон истифода намешаванд. Таҳлили калимаву ибораҳо дар дастхатҳо имкон медиҳад, ки тафовути забони гузашта ва муосирро баррасӣ намоем ва ба осонӣ осори шеъру адабиётро дарк намоем.

Яке аз масъалаи муҳим дар соҳаи китобдорӣ ин рақамисозӣ ва дастрасии бештар ба дастхатҳо мебошад, ки барои муҳофизат ва дастрасии беҳтар ба онҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо ва муассисаҳои илмӣ аллакай аз технологияҳои замони муосир истифода намуда, барои ҳифзу нигаҳдошти физикии онҳо саҳм гузошта истодаанд.   Рақамисозии дастхатҳо ба муҳаққиқон ва хонандагон имконият медиҳад, ки ба осонӣ ба ин осори қадимӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва аз имконоти таърихии онҳо баҳра баранд.

Яке аз марказҳои  калонтаин барои ҳифзу нигоҳдории дастахатҳои ин шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ мебошад, ки дар он зиёда аз 2750 нусхаи хаттӣ  ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешавад, ки қадимтарин онҳо аз асри XIII мебошад. Ин даргоҳ на танҳо барои нигаҳдории дастнависҳо, балки барои муҳаққиқону пажӯҳишгарон вобаста ба имконот ва муқарароти мавҷуда барои дарёфти  маълумоти зарурӣ кӯмак мерасонанд. Агар шумо хоҳед, ки ба омӯзиши таърих, адабиёт, фарҳанг ва илмҳои мухталифи гузаштагонамон шурӯъ кунед, китобхонаҳо метавонанд манбаи асосии маълумот бошанд.

Хулоса дастхатҳо дар рушди фарҳанг ва таърихи миллатҳо нақши муҳим доранд. Китобхонаҳо ҳамчун ҷойҳои нигоҳдории ин дастхатҳо ба мо имконият медиҳанд, ки ба осонӣ бо як қисми ёдгориҳои гузаштаи худ шинос шавем. Ҳифз ва омӯхтани дастхатҳо на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки асос барои рушди оянда ва таъриф кардани таърихи миллӣ мебошад.

Шукрона Каримзода,
сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобхои нодир.