Асадулло Сӯфиев: “Ҳофиз ва фолклор”

Манбаъҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки адабиёти лафзӣ дар тараққӣ ва такомули адабиёти хаттии қарни XIV ҳам то дараҷае нақши худро гузоштааст. Беҳтарин адибони қарни XIV, монанди Хоҷа Ҳофиз, Убайди Зоконӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ ва ғайра, ки асарҳои онҳо аз анъана, равия ва оҳангҳои ҳалқӣ саршоранд, шоҳидони воқеаҳои хунини феодалӣ ва ҳаракатҳои мухталифи озодихоҳонаи мардуми Осиёи Миёна ва Эрон будаанд ва дар назми онҳо тасвири ин воқеаҳо ба назар мерасад.
Махсусан, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ ва Хоҷуи Кирмонӣ дар осори худ аз адабиёти лафзӣ на танҳо ҳамчун манбаи адабӣ истифода бурдаанд, балки аз тамоми имконият ва шаклҳои он, амсоли мазмун, образ, мақолу зарбулмасал, киноя, ҳаҷв, латифа ва иборату истилоҳоти таърихӣ, афсонавӣ ва ҷуғрофӣ ҳарҷониба истифода кардаанд. Барои мисол «Рисолаи дилкушо» ва қиссаи «Мушу гурба»-и Убайди Зокониро хотирнишон кардан кифоя аст. Аз ҷумла дар қиссаи «Муш ва гурба» воқеаҳои хунини қарнҳои XIII-XIV дар зимни рамзу тамсилот ба тариқи ҳаҷв тасвир ёфтаанд. Тарз ва роҳҳои аз жанрҳои гуногуни фолклорӣ истифода кардани ин адибон низ якранг нест. Дар эҷодиёти Убайди Зоконӣ тамсилоту латоифи нешдор ва нақлу ривояти халқӣ дар либоси ҳаҷв ғунҷоиш ёфта бошанд, пас дар назми Ҳофиз зарбулмасалу мақол, панду насиҳат, ибораву истилоҳоти таърихӣ, афсонавӣ, ҷуғрофӣ, таъбироти рехта ва маъниҳои духӯра барои ифодаи мақсадҳои иҷтимоӣ истифода шудааст:
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт
Ман агар некам, агар бад, ту бирав худро бош,
Ҳар касе он даравад, оқибати кор, ки кишт.
Чунон ки мебинем, Ҳофиз зарбулмасали халқии «Ҷав кошта, ҷав мегирад, гандум кошта, гандум» ва ривояти биҳишту дӯзах ва дар ҳисоб будани кирдори баду неки бандагонро моҳирона гуфта, бо кинояҳои пурмаънӣ олами ботинии шайхону зоҳидони риёкор ва авомфиребро ошкор месозад. Ҷиҳати фолклорӣ ва халқияти назми Ҳофизро, қабл аз ҳама, мавқеи ҷамъиятӣ, нуфузу эътибор ва ҳусни таваҷҷӯҳи шоир ба деҳқонону косибон ва ҳунармандони мазлум муайян мекунад. Шоир дар ҷои дигар зарбулмасали «Ба кӯрпаат нигоҳ карда пой дароз кун»-ро ба тарзи зайл кор фармудааст.
З-ин сарзаниш, ки кард туро дӯст, Ҳофизо,
Беш аз гилеми хеш магар по кашидаӣ?
Зарбулмасал, ки шакли нисбатан қадимии адабиёти лафзӣ аст, мисли дигар намудҳои фолклор фикру мулоҳиза, орзуву амол ва ақидаҳои иҷтимоии офарандагонашро равшан инъикос мекунад. «Амсол ҳам,- фармудааст Саид Нафисӣ, дар китоби худ оид ба ашъор ва аҳволи Рӯдакӣ, – дар ҳар забон ба манзалаи намак дар таом аст. Шоире, ки амсоли забони хешро некутар донад, дар дидаҳои мардуми диёри хеш бештар раҳ меёбад». Ҳофиз хамин гуна шоир аст. Зарбулмасал дар шеъри ӯ дар манзалаи намак аст. Ҳар ҷо ки зарбулмасале омада, он ҷо ҳусни шеър ва маънӣ, албатта, афзудааст. Масалан, шоир зарбулмасали «Мурғи зирак ба дом намеафтад»-ро хеле моҳирона ба риштаи назм кашидааст.
Зи раҳам маяфкан, эй шайх, ту ба донаҳои тасбеҳ,
Ки чу мурғи зирак афтад, нафитад ба ҳеҷ доме.
Ҳофиз ашъори худро бо зевари зарбулмасал ва панду ҳикматҳои халқӣ оро дода, диққати хонандаро ба нуктаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ бештар ҷалб мекунад. Дар назми Ҳофиз афсона ва нақлу ривоятҳои дилкаши халқӣ васеъ истифода шудаанд. Ин масъала собит мекунад, ки шоир монанди пешгузаштагони худ аз афсона, достон, нақлу ривоятҳои рангини адабиёти лафзӣ ва хаттии мардумони Шарқ воқиф будааст. Чунончӣ, афсонаи «Ҳорут ва Морут» дар миёни халқҳои Шарқ, аз ҷумла мардуми форсу тоҷик, аз замонҳои хеле қадим шуҳрат дорад. Ҳорут ва Морут номи ду фаришта аст. Мувофиқи ривоят Ҳорут ба Зӯҳра ном зани соҳибҷамол, аз ҷинси малоик, ошиқ мешавад ва ҳусну ҷамоли ӯро ба Морут тасвир мекунад. Аз рӯи ин нақл Морут ҳам ба зан дил мебандад ва фош шудани асрори ҳусни Зӯҳра ҳардуро ба ҳалокат мерасонад.
Ҳамчу Ҳорутем доим дар балои ишқ зор,
Кошки ҳаргиз надидӣ дидаи мо рутро.
Кай шудӣ Ҳорут дар чохҳ занахдонаш асир,
Гар нагуфтӣ шаммае аз ҳусни ӯ Морутро.
Ё гирем, қиссаи оби ҳаёт чустани Искандарро, ки халқ дар ин хусус ҳам афсонаҳои зиёде эҷод кардааст. Ин маъниро Ҳофиз ба таври киноя тавсиф мекунад:
Гар нишон з-оби зиндагӣ ҷӯй,
Маи нӯшин биҷӯ ба бонги рубоб.
Чун Сикандар ҳаёт агар талабӣ
Лаби лаъли нигорро дарёб.
Шоир дар ҷои дигар ба аз ҷаннат ронда шудани Одам ишора карда, ҳамчунин таъкид мекунад, ки ҳар нафаси зиндагии имрӯзро ғанимат дон, зеро «сояи беду лаби кишт» беҳ аз боғи фирдавс аст.
На ман аз ҳонаи такво бадар афтодаму бас,
Падарам низ бихишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор,
Ту ғанимат шумар ин соян беду лаби кишт.
Ва зиёда аз он мегӯяд:
Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
Нохалаф бошам агар ман ба ҷаве нафрӯшам.
Дар достонҳо, ривоят ва афсонаҳои халқии тоҷикӣ тахти Қубод, тахти Чамшед, базми ҷамшедӣ ва ҷоми ҷамшедӣ шуҳрате доранд. Ин мазмунҳо ва ин иборату таъбирҳои халқӣ бо номи Ҷамшеди асотир пайваста ривоҷ ёфтаанд., Е худ, халқ дар васфи Ҳотами Той, Ковуси Кай ва ғайра афсонаҳои зиёде гуфтааст ва Фирдавсӣ аввалин бор онҳоро ба риштаи назм кашидааст. Дар назми Ҳофиз низ ҳамин мазмунҳоро мебинем, ки барои ифодаи мақсаде истифода шудаанд. Чунончӣ, Ҳофиз овардааст.
Кадом аст ҷоми Ҷаму Ҷам куҷост?
Сулаймон куҷо рафту Ҳотам куҷост?
Кӣ медонад аз файласуфони ҳай,
Ки Ҷамшед кай буду Ковуси Кай?
Шоир образҳои мазкурро ҳамчун разми ҳаёт ва марг, фано ва бақо ҳастӣ ва нестӣ кор фармуда, андешаи умри гузарон ва ғанимат донистани зиндагиро талқин кардааст. Фолклор дар осори Ҳофиз пеш аз ҳама, барои изҳори ақидаи иҷтимоии ӯ хидмат кардааст. Образҳои «турки шерозӣ», «холи ҳинду», «ширинкори шаҳрошӯб», «туркони яғмогар», «Юсуф ва Зулайхо» ва ғайра низ барои ифодаи маъниҳои рангини ақида ва андешаҳои шоир ва боз ҳам пурқуввату таъсирбахш ифода шудани ин ақидаву андешаҳо ба кор рафтаанд.
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон к-ин лулиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо чамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Образҳои фолклорӣ дар ашъори Ҳофиз фаровонанд. Шоир шароби нобро рамзи ҳаёт ва дилхушӣ медонад, бехудии хешро авло мешуморад. Ва давлати шоҳиро ба як дона ҷав намехарад. Мулки Кайковус барин подшоҳи афсонавии пуршукӯҳ ҳам барои шоир ҷаве арзиш надорад:
Чу бехуд гашт Ҳофиз кай шуморад,
Ба як ҷав мулкати Ковусу Кайро.
Образҳои афсонавӣ бо мақсад ва матлаби Ҳофиз васл гардида ҳатто дар ҳолатҳои афтодарӯҳӣ ҳам боиси ифодаи вазъ ва ҳолати шоир будаанд. Чунон ки ӯ мегӯяд:
Ҳамон марҳал аст, ин биёбони дур,
Ки гум шуд дар ӯ лашкари Салму Тур.
Ҳамон манзил аст ин ҷаҳони хароб,
Ки дидаст айвони Афросиёб.
Чи хуш гуфт Ҷамшеди бо тоҷу ганҷ,
Ки як ҷав наярзад сарои сипанҷ.
Як қатор ғазал ва рубоиёти Ҳофизро, ки хусусияти фолклорӣ гирифтаанд, бетаҳлилу муқоисаи махсус аз моли халқ фарқ кардан душвор аст. Барои тасдиқи фикр чанд ғазал ва рубоиёти шоирро, ки аз забони сокинони куҳансол ва камсаводи маҳалҳои гуногуни Ғарм, Ҳисор, Файзобод ва Кӯлоб навишта гирифта шудаанд, бо аслашон муқоиса кардан аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Халқ ашъори Ҳофизро ба таври худ истифода бурда, гоҳо онро таҳрир ҳам кардааст. Масалан, байтҳои зери ғазали Ҳофиз:
Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад.
Тарфи чаману ҳавои бӯстон,
Бе лолаузор хуш набошад.
Рақсидани сарву ҳолати гул,
Бе савти ҳазор хуш набошад…
Дар байни халқ ин навъ машҳур гардидаанд:
Гул бе рухи ёр хуш набоша,
Бе бода баҳор хуш набоша.
Фасли чаману ҳавои бўстон,
Белолаву зор хуш набоша.
Бо ёри шакарини гуландом,
Ҳам бўсаву ҳам канор боша.
Сарояндагони халқӣ, ки эътибори Ҳофиз дар байни онҳо басо зиёд аст, ғазалҳои шоирро мувофиқи матлаб, доираи назар, эҳсос ва завқи худ сурудаанд. Ин ҳолатро дар рубоии зерин ҳам равшан мебинем.
Ҳофиз фармудааст:
Дар орзуи бӯсу канорат мурдам,
Дар ҳасрати лаъли обдорат мурдам.
Қисса чӣ кунам дарозу кӯтоҳ кунам,
Боз о, боз о, к-аз интизорат мурдам,
Дар байни халқ рубоӣ ба таври зайл шӯҳрат дорад.
Дар орази рӯи беғуборут мурдум.
Дар ҳасрати зулфи тобдорут мурдум.
Қиса чӣ кунум дарозу кӯтоҳ кунум,
Дар ғамзаи чашми пурхуморут мурдум.
Ҳофизи Шерозӣ аз шоирони хеле писандидаи халқи тоҷик аст, ашъори ӯро дар ҳама ҷо ва дар ҳама маврид, чи аҳли савод ва чи аҳли дур аз савод, бо завқ ва шавқи тамом мехонанд ва шӯҳрати ӯ дар рузгори хушбахтонаи мо сабт аст.
МАНБАЪ: Садои Шарқ, соли 19771, №4
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ