Ҳасанбеки Итобӣ кӣ буд?

Ҳасанбек ибни Бахшибек соли 1566 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Шоири форс –тоҷик. Падараш аз қабилаи такуллуи туркманҳо буд, аз ин рӯ баъзан дар маъхазҳо  бо номи Итобии Такуллу низ ёд шудааст. Дар айёми тифлӣ оилаашон ба Қазвин кӯчид.

Давраи таҳсилу камолоти Итобӣ дар шаҳрҳои Қазвин ва Исфаҳон гузаштааст. Дар дарбори шоҳ Аббоси Сафавӣ (ҳукмронӣ 1587–1629) хидмат мекард.

Итобӣ яке аз шоирони пурмаҳсули форс–тоҷик мебошад. Аз ӯ девони ашъор (қасида, ғазал, рубоӣ), “Хамса” (маснавиҳои “Хадоиқу-л-азҳор”, “ Хусрав ва Ширин”, “Сом ва Парӣ”; номи дигараш “Сомнома”, “Ҳафт пайкар”, “Искандарнома”), достонҳову маснавиҳои “Лайлӣ ва Маҷнун” (дар замони хидмат дар дарбори Аббоси Сафавӣ сурудааст), “Эраҷ ва Гетӣ”, “Маҷмаъу-л-баҳрайн”, “Соқинома” ва ғайра боқӣ мондаанд.

Муаллифи “Майхона” Абдунабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ мероси адабии ӯро наздик ба 150 ҳазор байт гуфтааст.

Соли 1615 дар Аҷмир аз дунё даргузаштааст. Ин байтҳо аз “Эраҷ ва Гетӣ”-и ӯ аст:

Оташи ишқаш ҷигарафрӯз гашт,
Ошиқи он дилбари ҷонсӯз гашт.

Нисбати рӯяш чу ба хуршед ёфт,
Дидаи дил ҷониби хуршед тофт.

Баски ду хуршед дилашро рабуд,
Шеваи хуршедпарастон ситуд.

Гул чу равад дар чамани рӯзгор,
Булбули дилхаста бисозад ба хор.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 12. Муаллиф: М. Диловаров

Таҳияи: Муҳаббат Киром
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.