Ҳасани Султон: Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён. Бахши охир

Аз ашъори боқимондаи Рӯдакӣ ба исбот мерасад, ки дар рӯзгори Сомониён ҷашнҳои миллию мазҳабӣ, бо шукӯҳи тамом таҷлил мешудаанд ва дар баробари ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада) ҷашнҳои динию мазҳабӣ ҳам бо номи тоҷикӣ маъруфият доштаанд (аз ҷумла, иди Гӯспандкушон, яъне иди имрӯзаи Қурбон. Воқеан, мутобиқи ривоёти динӣ пайдоиши ин ид аз ибтидо ба куштани гӯсфанд дар бадали фарзанди Иброҳим, алайҳиссалом, – Исмоил иртибот дорад):

Бод бар ту мубораку хуншон

Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон!

Рӯдакӣ ба расми қадим ҷашни Меҳргонро ҷашни «шоҳону хусравон» медонад ва аз омадани ин ҷашн ба амири сомонӣ мужда расонидааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Баъзе вожаҳое, ки дар осори Рӯдакӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, имрӯз танҳо дар баъзе гӯишҳои забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар кишварҳои ҳамзабон истифода намешаванд. Масалан: варғ (ҷойи оббанду обкушо) (Банди варғи сусти пуда бифканад), коза (каппа) (Ҷой кард аз баҳри будан козае), тундар (раъд) (Наффот – барқи равшану тундар-ш – таблзан), хусур (падарарӯс) (Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ), модандар (модари ӯгай, ки дар мо моиндар ҳам мегӯянд) (Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро), писандар, духтандар (Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро) ва ғ.

Яке аз хидматҳои бузурги устод Рӯдакӣ дар забону адабиёти мо ба назм овардани асарҳои маъруфи «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома» аст. Ҳарчанд аз ин ду манзумаи гаронбаҳои устод то замони мо қисмати ночиз боқӣ мондааст, вале ҳамин қисматҳои боқимонда ҳам арзиши ниҳоят баланди забонию фарҳангӣ доранд.

Масалан, муҳаққиқон панди маъруфи «Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор, / Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор»-ро байти оғози манзумаи «Калила ва Димна» донистаанд.

Ё як пораи бозмондаи ин манзума ба қиссаи ҳароси Шер аз бонги Шанзаба ва дар ин замина аз Димна тадбир хостани ӯ бастагӣ дорад:

Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист?

Бо ниҳебу саҳм ин овойи кист?

Димна гуфт ӯро: Ҷуз ин ово дигар

Кори ту на ҳасту саҳме бештар.

Об ҳар чӣ бештар неру кунад,

Банди варғи сусти пуда бифканад.

Дил гусиста дорӣ аз бонги баланд,

Ранҷаке бошад-ту овози газанд.

Тафсили ин ҳодиса дар «Тарҷумаи Калила ва Димна» ба шарҳи зер аст: «(Шер) рози худ бар Димна бигшоду гуфт: Сабаб ин овоз аст, ки мешунавӣ. Намедонам, ки аз кадом ҷониб меояд, лекин гумон барам, ки қуввату таркиби соҳиби он фарохури овоз бошад. Агар чунин аст, моро инҷо муқом савоб набошад. Димна гуфт: Ҷуз бад-ин овоз маликро аз вай ҳеч рийбате (бадгумоние) дигар будааст? Гуфт: Не. Гуфт: Нашояд, ки малик бад-ин мӯҷиб макони хеш холӣ гузорад ва аз ватани маълуфи худ ҳиҷрат кунад, чи гуфтаанд, ки офати ақл тасаллуф аст ва … офати дили заиф овози қавӣ».

Ё байти

Гуфт бо харгӯш: «Хона хони ман,

Хез, хошокат аз ӯ берун фикан!».

ба ҳикояти харгӯш ва кабканҷир (дурроҷ) аз Боб ал-бум ва-л-ғуроб (бум ва зоғ) алоқаманд аст. Ин матлаб дар «Тарҷумаи Калила ва Димна»-и Абулмаъолии Насруллоҳи Муншӣ чунин омадааст: «якчанде бигузашт. Кабканҷир бозрасид. Чун харгӯшро дар хонаи хеш дид, ранҷур шуду гуфт: Ҷой бипардоз, ки аз они ман аст».

Вале муҳимтарин қитъаи бозмонда аз ин манзума ҳамин пораи шеърии маъруфи ба истилоҳ «чароғи дониш» мебошад, ки то ба имрӯз вирди забонҳост:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Аз манзумаи «Синдбоднома»-и устод Рӯдакӣ ҳам чанд байту қитъа, аз ҷумла порчае аз нақли зани соҳибҷамол ва марди баққол аз «Достони зани деҳқон бо марди баққол» боқӣ мондааст:

Он гурунҷу он шакар бардошт пок

В-андар он дастори он зан баст хок.

Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,

Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.

Шӯй бигшод он фаларзаш, хок дид,

Кард занро бонгу гуфташ: «Эй палид!».

Чунонки мушоҳида мешавад, дар пораи мазкур дар баробари калимаҳои маъмулу мустаъмал (гурунҷ=биринҷ, шакар, дукон…) вожаҳои аз истеъмол берунмонда (фаларзанг, фаларз) ба назар мерасанд. Вожаи «фаларзанг» ба маънии дастор ё порчаест, ки дар он чизеро мебанданд. Калимаи «фаларз» ҳам мухаффафи ҳамин «фаларзанг» ба ҳамон маънист.

Ногуфта намонад, ки андарзи маъруфи устод Рӯдакӣ

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

ҳам, ки дар баҳри рамал аст, эҳтимол ба яке аз ин ду манзума, ки ҳар ду дар як вазнанд, тааллуқ дошта бошад. Тавзеҳан «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ ҳам дар ҳамин вазни дилошӯб суруда шудааст.

Эҳтимол устод Рӯдакӣ дар баробари забони модарӣ ва арабӣ, ҳамчунин забони паҳлавиро низ медонистааст ва «Синдбоднома»-ро аз ин забон мустақиман тарҷумаи манзум кардааст. Байти зер ба паҳлавидонии ӯ далолат мекунад.

В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,

Варазрӯдро Моваруннаҳр хон.

(Тавзеҳан ин байтро ба Фирдавсӣ ҳам нисбат додаанд, вале дар байти Фирдавсӣ дар достони Заҳҳок бастагӣ ба рӯди Арванд дорад:

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,

Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон.)

Ёдкарди андарзномаҳои паҳлавӣ дар ашъори Рӯдакӣ далели мустанади дигар бар паҳлавидонии ӯст:

Сирати ӯ буд ваҳйнома ба Кисро,

Чунки ба ойин-ш панднома биёканд.

Рӯдакӣ ҳамчунин аз Авесто ва Занд, ки тарҷумаву тафсири Авестост, огоҳ будааст. Вай дар шеъре, ки ба Наср ибни Аҳмад бахшидааст, фазли ӯро ба Авесто ва сирати ӯро ба Занд, яъне, шарҳи он, қиёс кардааст:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд.

Муаррихону муҳаққиқон ҳамчунин ба ин андешаанд, ки устод Рӯдакӣ овози хушу лаҳни дилкаш дошт ва бо чангу барбату руд сурудаҳои худро тараннум мекард. Худи вай ҳам ба ин маънӣ ишора дорад:

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,

Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

Ҳамин аст, ки аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ мисли намунаи зер дарунмояи азалии мусиқии шеъри форсии тоҷикӣ эҳсос мегардад:

Гули баҳорӣ, бути таторӣ,

Набид дорӣ, чаро наёрӣ?!

Набиди равшан чу абри баҳман

Ба назди гулшан чаро наборӣ!

Ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки устод Рӯдакӣ бо осори ҷовидони худ ба забону адаби мо умри ҷовидон бахшидааст ва дар ҳар давру замон бузургтарин шоирону адибони мо аз осори ӯ таъсир пазируфтаанд. Масалан, Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273), ки дар бузургии ӯ дар забону адаби мо ҷойи ҳеч шакку тардид нест, солҳо баъд аз вафоти яке аз пирон ва муршидони рӯҳонии худ – ҳаким Саноӣ (1081-1141) ғазали орифонае гуфтааст, ки талхису такмили шеъри устод Рӯдакӣ дар вафоти шоир Муродист:

Гуфт касе: Хоҷа Саноӣ бимурд,

Марги чунин хоҷа на корест хурд.

Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,

Об набуд ӯ, ки ба сармо фисурд…

Сурудаи асли устод Рӯдакӣ ин аст:

Мурд Муродӣ на ҳамоно, ки мурд,

Марги чунин хоҷа на корест хурд…

Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,

Об набуд ӯ, ки ба сармо фисурд.

Ҳосили сухан, устод Рӯдакӣ дар таърихи куҳани забони модарии мо аз бузургтарин устодон аст, ки ширинию шевоӣ, шукӯҳу шуҳрат ва рушду боландагии ин забон дар аҳди Сомониён ва давраҳои баъдӣ бо осори мондагори ӯ иртибот ва пайванди ногусастанӣ дорад.

Поёни матлаб

МАНБАЪ: Ҳасани Султон. “Фурӯғи худшиносии миллӣ”. Душанбе, “Дониш”, 2025.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Зебонисо ДАВЛАТОВА,

мутахассиси пешбари Медиатекаи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.