«Ашкҳои зери борон»-и Холиқназар Чумъазода тақидими китобхона шуд!

Ашкҳои зери боронИн китоб бо пешгуфтори муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва Раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ Хуршеди Атовулло дар матбааи «Паёми ошно» чоп шуда аст.

Он аз рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар Русия қисса мекунад ва аз 7 қиссаи детективӣ иборат аст. Кулли ин қиссаҳо аслан тарҷумаиҳолианд ва муаллиф худ дар 13 соли муҳоҷират ба сарзамини Русия шоҳиди ин рӯйдодҳо будааст. Хуршеди Атовулло-Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар сарсуханаш ба китоб овардааст: Холиқназар Ҷумъазода гарчанде солиёни охир мекӯшад то эҷоди хешро дар сояи зарофату табассум пӯшонад, аммо дар асл як шахси азияткашида ва як муҳоҷири бекасу сарсон дар хиёбонҳои шаҳри Москав буд…”

Ин саввумин китоби Холиқназар Ҷумъазода аст. “Парандаҳои муҳоҷир” соли 2013 ва “Биё, ки фолат бинам”  соли 2021 рўи нашр омада аст.

“Биё, ки фолат бинам” дар озмуни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи наср “Китоби сол-2021” эълон шуда буд.

Муаллиф чанд нусха аз «Ашкҳои зери борон»-ро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд, ки ҳоло хонандагон метавонанд ба осонӣ онро дар толорҳои хониши ин боргоҳи маърифат мутолиа намоянд.

Раҳима БОБОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.