“Ашки шодӣ” ва “Гар дил кушод бошад”. Тақдим аз маҳфили “Китоби Нав”
Барномаи ҳамешагии “Китоби нав”, бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” доир гардида, кӯдакону наврасонро бо китобҳои тозанашр ошно месозад.
Меҳмони навбатии барномаи “Китоби нав” ду китоб аз ду муаллиф: “Ашки шодӣ” аз Искандари Исломиён ва “Гар дил кушод бошад” аз Ҷӯра Ҳошимӣ мебошанд.
“Ашки шодӣ” ба мо қиссаи апаву додари бесаробонмондаро мекунад, ки аз ҷумлаҳои аввал фикру зикри хонандаро ба худ ҷалб месозад. Амаки Аҳмад баъди марги падару модари Сурайё ва Хуршед саробони онҳост. Сурайёи 14 – сола ҳар рӯз пеш аз мактаб рафтанаш ва баъд аз мактаб омаданаш ба корҳои хоҷагии амаки Аҳмад ёрӣ мерасонад. Додаракаш Хуршед як писарбачаи 6 – солаи лоғарандом, чашмони калон-калони сиёҳ, бинии теғкашидаву мӯйҳои ҷингила дорад.
“Сурайё пагоҳии барвақт аз хоб бедор шуд. Аз асари кори дирӯза дастонаш ҳоло ҳам дард мекарданд. Аз паҳлӯ ба паҳлӯ гашта гашта хестаниаш намеомад. Хаёлаш то баромадани офтоб хоб равад, вале наметавонист. Охир, боз дер монад, Салими қоқ аз кор меронад. Баъд ҳоли додараки майдаҳаки лоғари бемадораш чӣ мешавад. Як худаш бошад коре карда рӯзашро мегузаронад.”
Зеҳни шуморо низ суоли: чаро Салими қоқ Сурайёро аз кор меронда бошад, даргир кард? Чӣ боис гаштааст, ки Сурайё бо додаракаш танҳо мондаанд? Ва чанд суоли дигаре ҳаст, ки ҷавоб мехоҳанд. Аз ин рӯ, шумо ин китобро метавонед ба Китобхонаи миллӣ омада мутолиа намоед.
Китобчаи дигаре, ки пешкаши бачаҳост, ин аз Ҷӯра Ҳошимӣ “Гар дил кушод бошад” ном дошта, дар бораи Шево ном духтараки чаққону хушҳол ва писараки бахиле, бо исми Сано шеърҳои ширину равон дорад.
Шевои чеҳрахандон ҳам футбол мебозад ва ҳам дучарха меронад, ҳам аъло мехонад ва ҳам орзуи парвоз ба Кайҳонро дорад.
Шево саҳар мехезад,
Шодона бармехезад.
Дар лабҳояш гулханда,
Гулхандааш зебанда.
Бо ҷону дил мехонад,
Неку бадро медонад.
Сано бошад писараки бахил асту дӯстозор. Дили ҳамагон аз вай хиҷил. Рӯзе ба хоначааш дустонашро роҳ надоду пас аз каме танҳоӣ ғамгин гашт. Ин дам ҷӯрааш Сангин ва дӯстонаш Парвину Фирдавс, Асрору Анвар ва чанди дигаронро ба хоначааш таклиф кард.
Қуттӣ яке калон шуд,
Чун кохи кӯдакон шуд.
Чун ҷо кушодатар шуд,
Дилҳо кушодатар шуд.
Гар дил кушод бошад,
Манзил кушод бошад!
Ана чунин шеърҳои шевову ширинбаён дорад ин китобча. Шумо метавонед “Дил гар кушод бошад”-ро дар шуъбаи кӯдакону наврасон пайдо кардаву мутолиа намоед.
Лозим ба ёдоварист, ки барномаи “Китоби нав” моҳе ду маротиба сабт гардида, бо ташфиқу тарғиби чунин китобҳои шавқовару пандомез завқу табъи китобхониро дар кӯдакону наврасон боло мебардорад.
Муҳидинова Махфират, бахши иттилоот
ва робита бо ҷомеа