Ҷашни Сада- худшиносӣ ва ҳамбастии инсоният
Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фурӯ рафтан ва аз он бозгаштан, корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон, ба вежа тоҷикон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад, метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, дарк мекунанд. Ҳазор сол қабл барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абўалӣ пури Сино фармуда буд: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳи боқӣ намемонад».
Арҷгузорӣ ва омўзиши таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёту фарҳанг, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятшинос ҳам фарзу ҳам суннат аст. Беэътиноӣ ва нодидагирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат дар ин хусус изҳор доштаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрўз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик беш аз пеш рўй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи ниёгони худ ва бад-ин минвол диравшбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад.
Ҳоло диққати ононеро, ки ин сатҳоро мехонанд ба яке аз ҷашнҳои суннатӣ ва миллӣ, ки «Сада» ном дорад, ҷалб менамоем. Албатта, боварӣ дорем, ки ҳар кадоми шумо аз ин ҷашн воқифед ва медонед, ки чӣ гуна ҷашн аст, вале мо мекўшем, мухтасар аз таърихи пайдоиш ва баъзе вижагиҳои ин ҷашни бостонии миллӣ, ки худшиносӣ ва ҳамбастии инсониятро талқин менамояд, маълумоте ироа дошта бошем.
Асли мақоларо ин ҷо бихонед: Ҷашни Сада– худшиносӣ ва ҳамбастии инсоният