АШЪОРИ НИСВОН
Хадича Султонбегим
«Хадича Султонбегим, мутахаллис ба Султон, сабияи (духтари) амир аст, аз умарои азимулшони Эрон, ки ҳамеша силсилаи олияи эшон фармонфармои ин мамлакат буданд. Таваллудаш дар доруссалтанаи Исфаҳон».
«Роқими ҳуруф (яъне Алиқулихони Доғистонӣ) дар зарофати он хафифаи даврон ва мастураи замон тарбия ёфта».
Хадичаро номзад ба писари амми Алиқулихони Доғистонӣ кардаанд. Ишғоли Исфаҳон ва воқеаҳои тохтутоз ин ду кас-Хадича ва Алиқулихони Доғистониро аз ҳам ҷудо кардааст. Дар санаи 1160 ҳиҷрӣ (1747 мелодӣ) Хадича дар Исфаҳон буда, бо муаллифи «Риёз-уш-шуаро» мукотиба доштааст. Намунаи шеъри Хадича Султон:
Ман соқияму шароб ҳозир,
Эй ошиқи ташнаоб ҳозир…
Бо ҳусни ман офтоб ҳеҷ аст,
Инак ману офтоб ҳозир.
Гуфтӣ суханам хуш аст ё қанд
Гар фаҳм кунӣ, ҷавоб ҳозир.
Султон, чу мане набуда дар даҳр
Олам-олам китоб ҳозир.
ОИШАИ САМАРҚАНДӢ
«Баъзе гуфтаанд, ки вай дар Самарқанд муқрия буда, баъзе гуфтаанд, ки Оиша (?) Самарқандӣ буда, бинобар иштибоҳ Оиша-мазкур шуда. Ба ҳар тақдир ин ду рубоиро аз вай навиштаанд:
Бо ман чу шаби васли ту бикшояд роз,
Ногоҳиям аз шом кунад субҳ оғоз.
Бо ин ҳама ар иваз кунандам, надиҳам,
Кўтоҳшабе аз он, ба сад умри дароз.
Дишаб, ҳамашаб, эй неъмати ҷонам, шод,
Бадгўёнат, ки ҳеч сон нек мабод.
Аз аҳли бадат ҳикояте мегуфтанд,
В-он гоҳ дилам низ гувоҳӣ медод».
Ду рубоии аввал, ба ғайр аз асари Алиқулихони Доғистонӣ, дар «Маҷмўаи рубоиёт» ном китоби қаламии китобхонаи шаҳри Тонг аз номи Оишаи Самарқандӣ омадааст.
Тоҷӣ Усмон дар «Бисту се адиба» Оишаи Самарқандиро аз қабили шоираҳои асри XI дониста чунин навиштааст: «Оид ба ин шоираи бомаҳорат ва ҳазиннаво, дар «Оташкадаи Озар» навишта шудааст, ки вай аз аҳолии Самарқанд будааст. Аз маъхазҳои дигар низ, ки ба мо дастрас буданд, таърихи таваллуд ва вафоташ, инчунин ному нишоне аз авлоду аҷдодонаш маълум нагардид. Аз осори вай фақат ин ду рубоии зерин ба назар омад».
Ашке, ки зи чашми ман ба рў ғалтидааст,
Дар гўш кашидаӣ, ки марворид аст.
Аз гўш бурун ор, ки бадномии туст,
К-онро ба рухам тамоми олам дидааст!
(Рубоии дигари Тоҷӣ Усмон оварда рубоии якуми ҳамин ҷо зикр ёфта мебошад). Агар «таърихи таваллуду вафоти» Оишаи Самарқандӣ маълум нашуда бошад, дар асоси кадом маълумотҳо ўро шоираи асри XI гуфтаанд, маълум нест.
Дар «Маҷмўаи рубоиёт»-и дар боло номбурда рубоии зерин аз номи Оишаи Муқарраба омадааст:
Гуфтам: «дилам аз ту бўсае хоҳон аст»,
Гуфто, ки баҳои бўсаи ман ҷон аст.
Диду абрў ба паҳлуи ҷон зад ангушт
Яъне ки баҳри табъи нигин арзон аст!
ГУЛРУХБЕГИМ
Аз рўи маълумоти Алиқулихони Доғистонӣ вай аз бегимҳои Ҳинд буд. «Ин байтро ба вай нисбат додаанд ва дар назди рокими ҳуруф ин ҳам ҳукми Комилабегим дорад:
Ҳеч гаҳ, он сарви гулрухсор бе ағёр нест,
Рост будаст, он ки дар олам гуле баҳор нест».
Алиқулихони Доғистонӣ Комилабегимро номбар карда, дар бораи ў ягон маълумоте наовардааст. Тоҷӣ Усмон зери сарлавҳаи «Адибаи деҳлавӣ Комилабегим» навиштааст: «Комилабегим аз занони муҳтарами шаҳри Деҳлӣ буда, дар замони ҳукмронии Акбаршоҳ (асри X ҳиҷрӣ) умр ба сар бурдааст… Комилабегим зани хеле боташаббуси роҳи маърифат ва дўстдори аҳли илму фазилат будааст. Аз ҷиҳати дониши шеърият ҳамрадифи пешқадамони замони худ буда, дорои истеъдоди комил ва адибаи закитабъ будани Комила дар саҳифаҳои таърихи замонаш қайд гардидааст. Вай шоираи фасеҳзабон буда, дар шеърнависӣ услуби хосе доштааст».
БИБИОРЗУИ САМАРҚАНДӢ
Гўянд хуштабиат буда, ин байтро ба вай мансуб доштаанд. Дар «Тазкираи Сомӣ» ба номи Партави Шерозӣ зикр шуда:
Монд доғи ишқи ў бар ҷонам аз ҳар орзу,
Орзусўзаст ишқу ман саросар орзу.
Дар «Тазкират ул-хавотин» чунин маълумот омадааст. «Орзуӣ – аз маҳдуроти Самарқанд ва соҳибкаломи дилписанд буда, ин ду матлаъ аз вай ба ёдгор навишта шуд»:
Шудем хоки раҳат, гар ба дарди мо нарасӣ,
Чунон равем, ки дигар ба гарди мо нарасӣ.
Байти дуввум ва нисбаи шоира-Самарқандӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар тазкираи мазкур сухан дар бораи як шоира меравад. Дар сарчашмаи аввал ў бо номи Бибиорзуи Самарқандӣ ва дар «Тазкират-ул-хавотин» бо номи Орзуи Самарқандӣ зикр ёфтааст. Байти мазкур маълумоти «Тазкираи Сомӣ»-ро равшан ва ислоҳ хоҳад кард.
БИБИЗОИРӢ
«Агарчӣ дар сурат зан буда, лекин дар маънигўӣ, балоғат ва ҳунармандӣ ба ҷавгони зулфи сухан аз майдон мардони диловар мерабудае”.
Ӯрост:
Хўрдани хуни дил аз чашми тар омўхтаам,
Хуни дил хўрдааму ин ҳунар омўхтаам.
Кори ман бе ту ба ҷуз хуни ҷигар хўрдан нест,
Турфа коре, ки ба хуни ҷигар омўхтаам.
Шеваи ошиқиву расми назарбозиро,
Ҳама аз мардуми соҳибназар омўхтаам.
Носеҳо, чанд кунӣ манъ, ман аз ишқи бутон,
Ман зи устоди қазо ин қадар омўхтаам.
Зоирӣ, баҳри тавофи ҳарами кўи бутон,
Субҳхезӣ зи насими саҳар омўхтаам.
Ин шеър бо як шеъри дигар дар китоби номбурдаи мо ба духтари Мирзо Абдуло нисбат дода шудааст. Акнун маълум мешавад, ки Бибизоирӣ духтари Мирзо Абдулло буда, бо тахаллуси Зоирӣ шеър мегуфтааст. Ин тахаллус дар шеъри чопшудаи шоира зикр ёфтааст.
Зоирӣ, дил буд ғамхори ману в-он низ рафт,
Баъд аз ин дигар кӣ хоҳад кард ғамхорӣ маро.
Мисли муаллифи «Баёз-ул-ашъор», Алиқулихони Доғистонӣ дар асараш як байт шеъри шоираеро овардааст, ки ном ё тахаллусаш номаълум мондааст.
Дар ин ҷо доир ба чанде аз шоираҳо сухан рафта, намунаи шеърҳои онҳо дода шуд. Шоираҳои номбурда аз асари Алиқулихони Доғистонӣ «Риёз-уш-шуаро» гирифта шуд. Алиқулихони Доғистонӣ асари худро дар соли 1748 ба охир расондааст. Яъне шоираҳои дар ин асар зикрёфта аз асри X то нимаи аввали асри XVIII ҳаёт ба сар бурдаанд.
Дар асри XVIII ба эҷодиёти шоираҳо аҳамият дода, гирд овардани мероси онҳо дар Ҳиндустон сабабҳои худро дорад. Яке аз сабабҳои ҷиддӣ ҳукмрон, яъне забони давлатӣ будани забони форсӣ-тоҷикӣ дар ин мулк то охирҳои асри XIX мебошад.
Ғайр аз ин, дар Ҳиндустон муносибат ба занҳо, махсусан ба занҳои соҳибхат ва шоиртабъ нисбат ба Мовароуннаҳр ба куллӣ фарқ дошт. Дар партави занҳои нисбатан озоди мазҳаби ҳиндӣ аз дигар мазҳабҳои зиёди дар Ҳиндустон ҳукмронбуда, занони мазҳаби мусулмонӣ худро каме озод ҳис намуда, дар назди мардон ва аҳли саводи ҷамъиятӣ худ ба эҳтироме сазовор будаанд. Махсусан занони ашроф шоиртабъ ва аҳли савод. Исботи инро мо дар мисоли ҳаёт ва эҷодиёти Нурҷаҳонбегим, Зебуннисо ва наздикони онҳо пай бурда метавонем.
Ин эҳтиром ҳаводорони шеъру шоириро водор намудааст, ки ба мероси шоираҳо аҳамият дода, ашъорашонро шоирони замонҳои гуногун гирд оваранд. Дар ин кор шояд хидмати Нурҷаҳонбегим ва Зебуннисо кам набошад. Обрў, шеърҳои баландмазмуни Зебуннисо ҳаводорони назми форсиро водор намудааст, ки ба эҷодиёти дигар занон низ диққат диҳанд.
Сарфи назар аз ҷои таваллуд ё истиқомат, шоираҳои дар боло номбаршуда аксар дар мулки Ҳинд ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтаанд. Онҳо ба эҷодиёти дигар шоиру шоираҳо таъсири худро низ расонда, навҷавононро ба панду ҳикмати оқилона, ба ахлоқи ҳамида ва дўст доштани шеъри форсӣ ҳидоят кардаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар омўхтани ҳаёт ва эҷодиёти шоираҳои номбурда аз аҳамият холӣ нест. Илова бар он чопи мероси онҳо тадқиқотчиёнро водор менамоянд, ки дар оянда ба мероси эшон диққат дода, бо бозёфтҳои нав онро бойтар ва лаҳзаҳои ҳаёти шоираҳоро равшантар гардонанд.
А.МУХТОРОВ,
доктори илми таърих.
Маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, 1988 №12 ва 1989, № 4
Таҳияи Мадина Ҳамидова, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.