Ҳашт китоби профессор Аскаралӣ Раҷабов ба Китобхонаи миллӣ туҳфа шуд

hasht-kitobАз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳашт китоби донишманди маъруфти тоҷик, муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.

Ин китобҳо охири ҳафтаи гузашта ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ расиданд ва ҳоло барои мутолиаи хонандагон дар рафҳои китоби толори хониши ин шуъба гузошта шудаанд.

Китобҳои донишманди тоҷик солҳо гуногун чоп шудаанд, вале ба Китобхона нав ворид гаштанд.

Инҳо: “Борбад ва замони ӯ” (соли 2004), “Диди нави таърихию сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён” (2020), “Ҳоҷӣ Абдулазиз аз нигоҳи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода” (2021), “Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 4 то 7” (2011), “Ҳоҷӣ Абдулазиз: анъанаи эҷодӣ ва меросбарии мусиқӣ”(2021), “Амир Хусрав ва анъанаи эҷодию таҳқиқии мусиқӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии Ҳинд” (2018), “Нақш ва ҷойгоҳи зан дар ташаккул ва пешрафти фарҳанги бадеӣ: анъана ва имрӯз” (2022), “Аҳмад Маҳдуми Дониш ва фарҳанги мусиқии замони ӯ” (2022) мебошанд.

Гуфтанист, ки профессор АСКАРАЛӢ РАҶАБЗОДА аз муҳаққиқони мумтози таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Дар  таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс — тоҷик Борбад хидматҳои арзишманд анҷом додааст. Аз ҷумлаи созмондеҳандагон ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар ба шумор меравад. Муаллифи зиёда аз 15 китобу рисола, беш аз 500 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мебошад. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом», (2009), «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд, солҳои 2007—2010) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст.

Аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад) мебошад.

Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунари КМТ.