Ҳашт соле, ки Омина Каримова сарвари Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ буд
Давраи дуввуми инкишоф ёфтани захираи китоб, хидматрасонии хуб ба хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба солҳои панҷоҳуми асри гузашта рост меомад. Он солҳо Китобхонаро инсони хело ҳам бофарҳангу кордон Омина Баҳодуровна Каримова сарварӣ мекарданд. Бо роҳбарӣ ва иштироки фаъолонаи он кас дар Китобхона дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омаданд. Шўъбаҳои методӣ, адабиёти хориҷӣ , техникӣ, шурои илмӣ созмон дода шуданд. Бахшида ба 75-солагӣ ва 80-солагии зодрўзи устод Садриддин Айнӣ, 1100-солагии зодрўзи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, 700–солагии «Гулистон»-и Саъдӣ намоишҳои бузурги китоб, аз назаргузаронии китобҳои нодир барпо гардиданд.
Соли 1954 Китобхона ба бинои нави муҳташаму зебо кӯчид. Дар толорҳои хониш барои 400 нафар хонандагон шароит муҳайё сохтанд. Дар Китобхона инчунин фаъолияти методӣ-библиографӣ, кишваршиносӣ, рў ба инкишоф ниҳод. Омўзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи муфид ба роҳ монда шуд. «Таҷрибаи фаъолияти Китобхонаи ноҳиявии Хисор», «Аз таҷрибаи тарғиби адабиётдар Китобхона-филиали Комбинати бофандагии Сталинобод» ва чандин маводи дигари методӣ-библиографӣ рўи чопро диданд.
Маъракаи бошукўҳи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москав як гурўҳ санъаткорон, адибон, кормандони илм, рассомон иштирок доштанд. Дар даҳа ба намояндагӣ аз Китобхонаи ҷумҳуриявӣ Омина Каримова, Саодат Икромова ва чанд нафари дигар рафта буданд. Вазифаи китобдорон аз ташкил ва ҷо ба ҷо гузории китобҳо, оро додани намоишгоҳ, иборат буд.Дар намоишгоҳ бештар аз 200 номгӯ китоб ба намоиш гузошта шуданд.
Соли 1953 Китобхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дорои 653.173 нусха адабиёт буд, аммо бо гузашти 10 сол ин теъдод ба 1.650.747 нусха расид. Ҷамъоварии дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ бештар давраи сарварии Омина Каримова (солҳои 1950-1958) авҷ гирифта буд.
Дар натиҷаи ҷустуҷуйҳои мунтазам фақат солҳои 1955-1958 ба захираи шўъбаи дастхатҳои китобхона 705 дастхати нодир ворид гардидааст. Аз ҷумла, дастхатҳои «Таърихи Фирўзшоҳӣ», Мавлоно Муиниддин Ҳиравӣ «Сияри Шариф», Маҳмуд бинни Шайх Алӣ бинни Имомиддин ал Ғиждувонӣ «Тазкират-ул-яқин Мусамо ба Мифтоҳ-ул талибин», Аҳмади Домғонӣ мутахаллис ба Манучеҳрии Домғонӣ, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, “Гулистон”-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, девони Камоли Хуҷандӣ, Хоҷа Фахриддин Исматуллоҳи Бухороӣ «Девони Исмат», Абдурраҳмони Ҷомӣ «Юсуф ва Зулайхо», Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Анвори Сулайҳӣ», Мирзо Абдулқодири Бедил «Девони Бедил», Амир Хусрави Балҷувонӣ «Ашколи Хутути исломия» дохил гардидаанд.
Сабоҳат Ибрагимова,
муовини сардори шуъбаи
коркарди адабиёт.