Асириддини Ахсикатӣ. Намунаи осор

Асириддини АхсикатӣАбулфазл Муҳаммад Тоҳир Асириддини Ахсикатӣ яке аз шоирони бомаҳорати нимаи дуюми асри XII аст. Оид ба тарҷимаи ҳоли ин шоир ба таври пароканда дар сарчашмаҳо маълумотҳо дучор мешаванд.

Зодгоҳи ў деҳаи Ахсикати водии Фарғона аст, аз ҳамин сабаб номи шоир дар зимни ашъораш ва қариб дар ҳамаи тазкираҳо ба иловаи нисбаи ў “Ахсикат” омадааст. Тахаллуси шоир Асириддин буда, гоҳо бо ҳамин лақаб дар шеърҳо Асир, Асирӣ, Асириддин, Ахсикатӣ ва таркибан Асири Ахсикатӣ сабт мешавад.

Аз рўи ишораҳои худи шоир ва тазкираҳо, чунин ба назар мерасад, ки Асириддин таҳсили ибтидоияшро дар Ахсикат гирифта, баъд ба Фароғона рафтааст ва чанд гоҳ он ҷо таҳсили худро давом додааст. Асириддин барои такмили илму дониш ба Балх меравад ва имконият пайдо мекунад, ки дар он ҷо риёзиёт, тиб, кимиё, нуҷум, ҳайат, фалсафа ва илмҳои дигарро мукаммал омўзад.

Асириддин барои баҳра бурдан аз сўҳбати фозилон ва такмили дониш ба Ҳироту Марв меравад ва баъди чанд муддати таҳсил ба сабаби ҷангҳои пай дар пайи байни салҷуқиёну хоразмиён ва Хуросон ба Ироқ сафар мекунад.

Аммо муаллифони бисёр сарчашмаҳо ва ҳатто тадқиқотчиёни имрўза чунин маънидод кардаанд, ки гуё шоир танҳо барои бо Хоқонӣ мунозира ва мубоҳиса намудан ба Шервон рафта бошад. Аз ишораҳои Асириддин маълум мешавад, ки ў ҳангоми сафари Ироқ ба дасти роҳзанҳо меафтад ва тороҷ мешавад:

Дуздам бараҳна кард бад-он, ки гўиё

                             Ин лаҳза аз машимаи модар бизодаам.

                             Эй, он ки дастгирии афтода расми туст,

                             Вақт аст, даст гир, ки сахт уфтодаам.

Шоир аввал дар Ҳамадон зиста ва баъд ба дарбори Султон Муҳаммади Салҷуқӣ роҳ меёбад. Асириддин дар ин солҳо чанд бор ба Озарбойҷон сафар карда, қасидаҳо мегўяд. Асириддин монанди Заҳири Форёбӣ аз сабаби ба куллӣ вобастаи ягон дарбор набуданаш ҳамчун шоири сайёҳ ба шарҳои Балх, Ҳирот, Марв, Нишопур, Ҳамадон, Исфаҳон, Рай, Табрез, Сероб, Халхол, Маранд, Зангон, Мароға борҳо сафар мекунад. Аз ашъори шарҳиҳолии шоир маълум мешавад, ки ў аз овони ҷавонӣ то ба охири умр дар мусофирату хонабардўшӣ зиндагонӣ кардааст. Ў дар ғарибӣ аз ёру диёри худ ниҳоят бо сўзу гудоз ёдоварӣ мекунад.

Ҷуфти андўҳу фиғонам рўзу шаб,

То бимондастам аз васли ту тоқ.

Халқи олам шарҳ натвонанд дод,

Он чи ман дар сина дорам аз фироқ.

Асириддин дар шаҳри Халхол байни солҳои (1197-1200) тақрибан дар синни 80 солагӣ вафот карда аст. Вай аз худ асарҳои манзуму мансури бисёре ёдгор гузоштааст. Аммо асарҳои мансури ў то замони мо омада нарасидаанд. Девони ашъори ў аз қасоид, ғазалиёт, таркибот, рубоиёт ва муфрадот иборат буда, 6532 байтро ташкил мекунад.

 

Ин чор ғазар аз ӯст:              

Ин забон, к-андарин даҳони ман аст,

                             Сабаби меҳнату зиёни ман аст.

Дар даҳонам ҳамеша ҳаст ниҳон,

В-ошкорокуни ниҳони ман аст.

Ман бад-ў хуррамам, ки дар ҳама ҳол

Асли сармояи дукони ман аст.

Бар замири дилу тафаккури ман,

Бар ҳама халқ тарҷумони ман аст,

Сухани мухтасар бигўям, хон,

Халқро банда ройгони ман аст.

Малакулмавти ҳар касе пайдост,

Малакулмавти ман – забони ман аст.

****    *****

Бе рўи ту рўи хуррамӣ нест,

                            Дар ишқи ту ҷои беғамӣ нест.

Ҷуз бо сари зулфи ту фалакро

Дар шеваи ҷавр ҳамдамӣ нест.

Нақдест шигарф шеваи ту,

Чандон ки ҳамедиҳӣ камӣ нест…

Гаштем ба боғи даҳр чун бод

Як шох бар оби хуррамӣ нест.

Хушк аст ниҳоли шодӣ, эй чашм,

Дарёб, ки вақти беманӣ нест.

Ин реш, ки бар дил аст моро

Дар сўхтан аст, марҳаме нест.

Ё дар олам намонд мардум,

Ё расми вафову мардумӣ нест.

Шак нест, ки ин работи хокӣ

Манзилгаҳи ҳеҷ одамӣ нест.

Чӣ т-вон кардан, Асир, месоз,

К- аз даҳр умеди хуррамӣ нест!

****    *****

Аз фалак он моҳ кунун омадаст,

                         Ё парӣ аз парда бурун омадаст?

Сабри ман аз ҳеҷ кам ояд аз он-к

Ҳусни вай аз беш фузун омадаст.

Чоҳи нагунсори занахдоншро

Чашмаи ҳайвон зи дарун омадаст.

Оби гиреҳбаста бубин ғабғабаш,

Гўй аз он чоҳ бурун омадаст.

Доми гулу донаи ҷонаш ба ҳам

Ман чӣ диҳам шарҳ, ки чун омадаст…

Мурғи дилам дар ҳама олам куҷост,

К-ў на дар он дом забун омадаст.

Он ки шикораш чу Асире бувад,

Дон, ки чӣ бар банду фусун омадаст.

*****   *****

                        Кори ситамат ба ҷон расидааст,

                       Ин корд ба устухон расидааст.

Оҳе, ки ҷаҳон ба ҳам барорад,

Аз дил ба сари забон расидааст.

Дар ваъдаи ту намерасам ман,

Дарёб, ки вақти он расидааст.

Бар чеҳра бубин қатори ашкам,

Аз баҳри  ту корвон расидааст.

Хунолуд аст оҳам, оре,

Ё тири ту бар нишон расидааст.

Ногуфта дили Асир, ё Раб,

Шўъла ба дари даҳон расидааст.

Манбаъ: “Садои Шарқ” 1968, №9
Ба чоп тайёркунанда И. Ҳидоятов

Таҳияи Шоира Содиқова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.