Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синни 71-солагӣ тарки олам кард
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синни 71-солагӣ аз олам гузашт. Хабари даргузашти ӯ дирӯз, 27-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва садҳо нафар изҳори таслият карданд.
Асланшо Раҳматуллоев 23-уми сентябри соли 1954 дар деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ дида ба олам кушод.
Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба охир расонда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кардааст, аз соли 1994 актёр ва коргардони Театри миниатюраи «Оина» буд. Дар «Ҳамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» барин спектаклҳои театр нақшҳои хотирмон бозида буд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев ҳунарманде буд, ки дар синамо низ чандин нақши мондагор бозид. Аз ҷумла дар филмҳои «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар кишварҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телеканали НТВ) нақшҳое офарид, ки дергоҳ дар ёдҳо мемонанд.
Моҳҳи октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон маҳфиле бо номи “Ахтари тобони ҳунари ҳаҷв” бо ширкати ҳампешагону мухлисон ва таҳлилгарони фарҳанг доир шуда буд. Бо муҳтавои ин маҳфил метевонед ин ҷо шинос шавед:
НИШОНИ “АЪЛОЧИИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ ТОҶИК” БА ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН АСЛАНШОҲ РАҲМАТУЛЛОЕВ…