Аслиддин Қамарзода: Забони модариро пос доред!
Ин номи китоби донишманди тоҷики муқими Ӯзбекистон Аслиддин Қамарзода аст, ки соли 2024 дар шаҳри Тошкент чоп шудааст. Муаллиф чанд нусха аз ин китобро бо имзои худ ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тақдим кардааст, ки хонандагон метавонанд онро мутолаа кунанд.
Аслиддин Қамарзода дар муаррифии китоб навиштааст, ки ҳоло дар Ўзбекистон ба қатори забони ўзбекӣ, русӣ, қароқалпоқӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ ба забони тоҷикӣ, ки қариб дар аксар вилоятҳои Ўзбекистон дастҷамъона зиндагӣ мекунанд, дар баъзе мавзеъҳо дар муассисаҳои томактабии таълим гурўҳҳои тоҷикӣ низ фаъолият доранд.
Дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ, дар баъзе донишгоҳҳои олӣ ба забони тоҷикӣ низ таълим ба роҳ монда шуда, ба забони тоҷикӣ дар нашриётҳои Ўзбекистон китоҳои дарсӣ, бадеӣ ва илмӣ нашр мешаванд. Дар қатори рўзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», Садои Сўх», «Ховар» нашри маҷаллаи илмӣ, фарҳангӣ ва адабии «Дурдонаи Шарқ» оғоз ёфт. Пас вазъи таълим дар мактабҳо ва худшиносии мардум дар ин бобат чӣ хел аст. Шоирон дар хусуси эҳтиром ба забони модарӣ, мактабу маориф чиҳо мегўянд. Дар матлаби ин китоб оид ба ҳамин масоил мулоҳизаҳо баён шудаанд.
АСЛИДДИН ҚАМАРЗОДА 26-уми январи соли 1941 дар ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети филологияи ўзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор, Академики Академияи фанҳои Турон, Корманди Шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аст.
Аслиддин Қамарзода ҳамчун олим, адиб, рўзноманигор, тарҷумон, муаллифи китобҳои илмӣ, дарсӣ, бадеӣ шинохта шудааст. Асарҳои ў дар Ўзбекистон,Тоҷикистон, Эрон, Амрико, Чехия, Олмон ва кишварҳои дигар нашр шудаанд.
Китобҳои шеърии ў «Маънои зиндагӣ», «Таронаи Истиқлол», «Ду шохи як дарахт», «Дафтари Амрико», «Нури зиё 101мухаммас», «Самарқанднома. Дўстнома. Американома. Эҳдо» аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шудаанд.
Аслиддин Қамарзода як қатор асарҳои адибони тоҷикро ба забони ўзбекӣ ва асарҳои чанде аз адибони ўзбекро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардааст.
Ў қиссаи афсонавии адиби ўзбек Ўткур Азимов «Чароғи ақл» ва китоби пур аз панду ҳикматҳои Нависандаи Халқии Ўзбекистон Ўткур Ҳошимов «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар» -ро низ ба забони тоҷикӣ, китоби «Дарахтон то тўфонҳо месабзанд. Рафиқ Нишонов ба Марина Завада ва Юрию Куликов ҳикоя мекунад»-ро аз забони рўсӣ ба забони тоҷикӣ, рубоиёти Умари Хайём, «Самрқанднома»- и Расул Ҳодизодаро аз забони тоҷикӣ ба забони ўзбекӣ тарҷума карда манзури хонандагон гардонидааст.
Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.